Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

назар гирифта мешаванд. Агар ҷойҳои кории ба тариқи квота муқарраршуда аз тарафи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар давоми як сол ишғол карда нашаванд, он гоҳ ин ҷойҳо соли дигар пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолати истифода нашудани ҷойҳои кории ба тариқи квота муқарраршуда аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ касбомӯзонӣ ва бозомӯзонии ин гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ аз рӯи ихтисос ва касбҳои зарурӣ гузаронида шуда, онҳоро тибқи квотаи муқарраршуда ба ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ мефиристанд. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шаҳрвандонро дар бораи ҷорӣ кардани квота тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду моҳ хабардор менамоянд.

Ба гурӯҳи шаҳрвандоне, ки тибқи квотаи муқарраршуда бо ҷои кор таъмин мегарданд, шахсони зерин дохил мешаванд:

  • маъюбон;

  • ятимони ноболиғ;

  • шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

  • шахсоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ӯ аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд;

  • волидони яккаву танҳо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғ ва фарзандони маъюб доранд;

  • волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд;

пешина
аз 496
навбатӣ