Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

иҷтимоӣ ташкил карда шаванд. Вазифаи онҳо иборат аз баргузории музокироти коллективӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва бастани созишномаҳои соҳавӣ мебошад. Фаъолияти ин комиссияҳо ба принсипҳои шарикии иҷтимоӣ, ки барои комиссияҳои тамоми сатҳҳо умумӣ мебошанд, асос меёбад.

Дар сатҳи ташкилот барои гузаронидани музокироти коллективӣ, таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ ва бастани он чунин комиссия ташкил карда мешавад.

5.3 Музокироти коллективӣ

Мутобиқи қонунгузории меҳнат (моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон) музокироти коллективӣ ин раванди тибқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидҳои коллективӣ мебошад, ки муносибатҳои байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) - ро барои иштироки озодона дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ, муҳокимаи онҳо, тайёр ва бамувофиқарасонии лоиҳаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ба имзо расонидани онҳоро таъмин мекунад.

Шартномаи коллективӣ ва созишнома дорои муқаррароти танзимкунанда (меъёрҳои локалӣ) мебошанд, ки меъёрҳои умумӣ ва махсуси қонунҳои меҳнатро вобаста ба соҳа ва хусусияти корфармо, мушаххасоти соҳаҳои иқтисодӣ, соҳаи ғайриистеҳсолӣ ва шароитҳо дар минтақаҳо муайян мекунанд. Онҳо

пешина
аз 496
навбатӣ