Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Хислатҳои ҷудогонаи фардӣ бошанд, дар асарҳои фолклорӣ одатан, норавшан ифода гардида, ба мавқеи дараҷаи дуюм гузаштаанд.
Халқ дар асоси ин принцип персонажҳои манфӣ низ офарида, ба воситаи онҳо хислатҳои гуногуни зиддихалқиро бо роҳи типикунонӣ ҷамъбаст намудааст. Мо инро ҳам дар тасаввуроту ақидаҳои инсон оид ба қувваҳои ниҳонии табиат, ҳам дар андешаҳои халқ доир ба душманони аҷнабию золимон ва истисморгарон мушоҳида карда метавонем.
Чигунагии қаҳрамонон типӣ ва ҷамъбастии фолклорро А. М. Горький хеле аниқ қайд кардааст. Ӯ соли 1934 дар съезди Якуми нависандагони Умумииттифоқ гуфта буд: «Ман боз диққати шумоёнро, рафиқон, ба он факт ҷалб менамоям, ки типҳои аз ҷиҳати бадии баркамол, хеле мукаммал ва барҷастаи қаҳрамонҳоро фолклор — эҷодиёти даҳонии халқи меҳнатӣ ба вуҷуд оварда аст».1
Дар асарҳои фолклорӣ хислатҳои мусбати қаҳрамонҳо асосан ба воситаи рафтору кирдор ва амалиёти онҳо ошкор карда мешаванд. Хусусияти психологияи амиқ, характери ботинии мураккаб ба асарҳои фолклорӣ хос нест. Принципи асосии офаридани образҳои фолклорӣ ба таври равшан ҷудо кардани худуд гузоштан дар байни қаҳрамони мусбати идеалӣ ва манфӣ мебошад. Масалан: паҳлавони накукор ва душмани ӯ, подшоҳ ва кал, бой ва деҳқони камбағал, қозии ва Мушфиқӣ, модари угай ва духтари угай, шер ва рӯбоҳ, мурча ва қурбоққа ва ғайра.
Бо ҳамин нақша дар асарҳои фолклорӣ сюжет, конфликт, композиция бунёд ёфта, на танҳо воқеа инкишоф меёбад, балки мазмуни ғоявии асар кушода мешавад. Композицияи равшан ва мафҳуми асарҳои фолклорӣ ҳамеша бо ҳаёт, бо амалиёту муборизаи ғоявии қаҳрамони асосии мусбат алоқаи зич дорад. Вай дар жанри наср барои инкишофи воқеа ва дар жанри лирика барои зоҳир шудани эҳсосоти қаҳрамони лирикӣ ёрӣ мерасонад. Чунин хусусияти сохти композитсионии асарҳои халқӣ барои дар хотири кас нақш бастани ин асарҳо аҳамияти калон дорад.
Ба ҳамин тариқ, принципи асосии бадеии эҷоди асарҳои фолклорӣ методи махсуси ба таври яклухт типикунонии воқеияти ҳаёт ва дар шакли яклухт тасвир намудани ҳодисаҳо мебошад.
Хусусиятҳои миллӣ ва интернационалии фолклор. Ҳар халқ фолклор дорад. Объекти тасвири бадеии фолклор худи халқ, яъне меҳнати ӯ, зисту зиндагии ӯ, муборизаю кӯшиши ӯ, орзую омоли ӯст. Халқ дар эҷодиёти худ ҳамчун объекти тасвир ва ҳамчун офарандаи осори бадии роли дутарафа дорад. Эҷодиёти бадеии даҳонакии ҳамаи халқҳо дар шароитҳои конкретии таъ-
1 М. Горький. О литературе, стр. 998.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё