Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Я к к а с: Ин гула куҷо монем?
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Дар ҳавлии Мирзогул,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Мирзогули бебокам,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Ман ангуру ту токам,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Аз барои як ангур,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Печида ба ҳар шохам,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.

Я к к а с: Дар лаби бом омаду дид,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Хандида баромад ёри мо.
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Абруки думи мор дорӣ,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Зулфаки чилу чор дорӣ,
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.
Я к к а с: Ҳой, ба ман чӣ кор дорӣ?!
Ҳ а м а: Ёр, ёр, ёроне.

Дар водиҳои Кӯлобу Ғарму Ҳисор домодро шаҳ меномидаанд ва ҳамин ки шаҳ ба хонаи арӯс бо ҷӯраҳояш наздик мешудааст, суруди зеринро мехондаанд:

Шаҳ дар минбаре,
Болои тахти заре,
Ҷома ба домод биёр,
Ҷома ба домод зебад.


Шаҳа бар-бар мебаранд,
Бо таги ар-ар мебаранд.
Шаҳи ман омад,
Мирзои ман омад,
Шаҳа дилдорӣ кунед,
Пешакӣ духтар мебаран.
Шаҳи ман омад,
Мирзои ман омад.


Ҳ а м а: Шаҳи зарнумол, чашмонат хумор,
Мо орзу дорем, шаҳ биёяд сувор.
Я к к а с: Ман омадам аз камин,
Сина мондум дар замин,
Аз ҷиҳати нозанин,
Шаҳ муборак боде!
Ҳ а м а: Шаҳи зарнумол, чашмонат хумор,
Мо орзу дорем, шаҳ биёяд сувор.
Я к ка с: Ман омадам аз барут,
Шона задам дар сарут,
Аз ҷиҳати духтарут,
Шаҳ муборак боде!
ва ғайра

пешина
аз 295
навбатӣ