Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама: Устои ланги сартарош,
Сара покиза тарош
Я к н а ф а р: Дар миёни ҳарду қошаш хол бозӣ мекунад.
Ҳама: Устои ланги сартарош,
Сара покиза тарош!
Я к н а ф а р: Дар миёни ҳар ду қош холро даме ором нест.
Ҳама: Устои ланги сартарош,
Сара покиза тарош!
Я к н а ф а р: Субҳи содиқ медамад, дар дидаи мо хоб нест.
Ҳама: Устои ланги сартарош,
Сара покиза тарош!

Чунон ки аз натиҷаи ҷустуҷӯҳои фолклоршиносон маълум мегардад, дар Қаротегин ва деҳаҳои атрофи он вақти ба хонаи домод гуселонидани арӯс дар лаҳзаи хайрухӯшӣ ва видоъкунӣ аз тарафи хешовандону дугонаҳои арӯс суруди зерин иҷро карда мешудааст:

Гул равонай, мерава,
Арӯс меҳмонай, мерава,
Ёру дугонаш, гиря кунед,
Роҳати ҷонай, мерава.

Дар тӯйҳои Кӯлоб чанд суруди махсус низ аз тарафи модар дар ҳамин лаҳза хонда мешудаанд, ки аз ҷиҳати мазмун андӯҳгин ва хеле самими мебошанд:

Ту меравӣ аз хона, ҳамира кӣ рост мекина?
Ҳар лаҳза пеши оча кӣ шишта ноз мекина?
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро рӯмолдӯзма бурчане.
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро ҷомадӯзма бурчане.
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро тоқидӯзма бурчане.
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро хонарӯбма бурчане.
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро дилсӯзма бурчане.
Гулма бурчане, баргаки гулма бурчане,
Аз миёни духтаро ҷигарсузма бурчане.

Як қисми калони сурудҳои тӯй ҳангоми маросими тӯй калон, яъне келинбиён ё келинфуророн, никоҳ ва базми тӯй хонда мешудаанд, ки ҳам сурудҳо ва ҳам вақти иҷрои онҳо дар ҳар ҷо ҳар хел аст. Масалан, бегоҳии тӯй, вақте ки домодро ба хонаи арӯс мебурдаанд, мардон — ҷӯраҳои домод, сурудхонон мерафтаанд, ки он сурудҳоро «Нахш», «Шаҳ омад», «Шаҳ муборак» меномидаанд. Порчаҳои зерин ба ҳамин лаҳзаи тӯй тааллуқ доштаанд:

Яккас: Рафтем раҳи дуродур,
Ҳама: Ёр, ёр, ёроне,
Яккас: Овардем ниҳоли гул,
Ҳама: Ёр, ёр, ёроне.

пешина
аз 295
навбатӣ