Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Эсуин дайро сангча,
Ӯсуин дайро сангча,
Духтарҳои сатангча,
Соли нав муборак бошад.
Ин хонанда аловгирак,
Вай хонанда аловгирак.
Келину қайно палавхӯрак,
Соли нав муборак бошад.
Наврӯз дар Бадахшон се рӯз ид карда мешудааст. Дар Роштқалъа ва маҳалҳои дигар бачаҳо бегоҳӣ дар як ҷо ҷамъ омада чанд нафар болои бом мебаромадаанд ва аз равзан ба даруни хона ҳам шуда мегуфтаанд:
— Шуғуни баҳор муборак!
Соҳибони хона ҷавоб медиҳанд:
— Ба рӯи шумо муборак!
Баъд бачаҳо суруди наврӯзӣ мехондаанд:
Рӯзи Наврӯз асту фасли навбаҳор,
Боғу майдон ҳар тараф шуд лолазор...
Пас аз ин бачаҳо суруди «Қилогузгуз»-ро мехондаанд:
Қилогузгуз, баҳор омад.
Бо юғу сипор омад.
Эй лаклаки саргардон,
Пеш омада аз майдон.
Кӯҳ баланду моҳ баланд,
Султон, баробар поя банд.
Тахтабанди гумбаз аст,
Тоҷи давлат бар сар аст.
Дунёи Наврӯз хуштар аст,
Шоғуни баҳор муборак!
Соҳибони хона мепурсидаанд, ки бачаҳо чӣ талаб доранд. Яке аз бачаҳо рӯймолро дароз мекардааст. Соҳиби хона ба тариқи шодиёна ба рӯймол ягон чиз баста медароаст. Ҳамин тавр бачаҳо тамоми хонаҳои деҳаро давр зада, бо Наврӯз табрик мекардаанд ва тӯҳфаҳо мегирифтаанд.
Расму одати дигаре, ки дар Бадахшон будааст, ин дар рӯзи сеюми иди Наврӯз аз гӯшти гӯсфанду гандуми нимкӯфта тайёр кардани таоме мебошад. Баъди тайёр шудани таом одатан мардинаи оила ба берун мебаромадааст. Вай пас аз чанд дақиқа дари хонаашро мекуфтааст. Занаш ё каси дигар аз ӯ мепурсидааст:
— Кист?
Манам, Ато, — ҷавоб медароаст.
1 Қилогузгуз номи паррандае будааст, ки дар аввали баҳор пайдо мешудааст. Қилогузгузро дар ҷойҳои дигар шонасарак, пӯпишак, хӯтхӯтак, худхуд меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё