Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
тарак масхарабозӣ, як тараф гӯштингирӣ, бузкашӣ, чархуфалак, аспакбозӣ, карнаю сурнайкашӣ, доиразанӣ, мусобиқаи ҳофизон, мушакпарронӣ, хуллас, тамоми ҳунару эҷодиёти халқ намоиш дода мешудааст.
Деҳқонони Хуҷанд баъди гузаронидани «Иди сари сол» — Наврӯз маросими Ҷуфтбаророн ташкил медоданд. Дар ин маросим онҳо аз равғани зағир чалпак мепухтанд, ба шохҳои барзаговҳо равған мемолиданд, бо нияти беофат шудани корҳои деҳқонӣ ҳазориспанд дуд мекарданд ва дар ин кор аз Бобои деҳқон мадад мепурсиданд, барзагов, омоч, мола ва дигар асбобҳоро ба киштукор омода месохтанд ва ғайра.
Дар идгоҳи Самарқанд — дар Афросиёб ҳам ҷашни Наврӯз дар давоми як ҳафта хеле бо тантана гузаронида мешудааст. Ин идро дар Кӯлоб, Мӯминобод ва Ховалинг низ бо номи «Сайри сол» қайд мекардаанд ва муддати он қариб ду ҳафта тӯл мекашидааст.
Дар «Сайри сари сол»-и ин маҳалҳо, ки дар «Тамошотеппа» ном ҷое воқеъ мегардидааст, аз тарафҳои Қаротегин, Дарвоз ва маҳалҳои дигар одами бисёр омада, дар бузкашӣ, гӯштингирӣ ва дигар мусобиқаҳо иштирок мекардаанд.
Занон ҷашни Наврӯзро дар ҷойҳои махсус алоҳида қайд мекардаанд. Масалан, ин идро онҳо дар Хуҷанд дар Чашмаарзанак ном ҷои хушманзара, дар Бухоро дар чашмаи Аюб, дар Самарқанд дар Оби Раҳмат, дар Нурато дар кӯҳи Чилдухтарон мегузаронидаанд. Занон ва духтарон бештар рақсу бозиҳо, сурудхонӣ, чистон ва афсонагӣ, байтбарак, шеърхонӣ, ширинкорӣ, доиразанӣ мекардаанд. Дар водии Ҳисор занону духтарон ба хонаҳои хешу табор ва ҳамқишлоқони худ меҳмон мешаванд, ки онро «Идгардак» мегуфтаанд. Аз ҳар кӯчаву ҳар хона овози мусиқию суруд, рақсу бозиҳо шунида мешудааст. Дар Қаротегину Дарвоз ҷавонзанон ва духтарон дар боғҳо арғунчак карда, дар атрофи он суруд мехондаанд, мерақсидаанд.
Масалан, духтарони вилояти Қашқадарё ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз ба арғунчак савор шуда суруди зеринро мехондаанд:
Ҳай, ҳай хаводора,
Барги сафедора.
Тилло сӯзандона,
Нуқра намакдона.
Як кӯлча ҳалвоя,
Ҷонам таваллоя.
Дар Хуҷанд шаби соли нав духтарон бештар ба болои бом ва ё ба ҷойҳои баланд баромада сурудҳои солинавӣ месароянд. Тарзи сурудхонии онҳо коллективона, яъне ба тариқи хори умумӣ будааст ва ҳи оҳанги мусиқии махсуси ҳамин сурудро доштааст, ки он аз ҷиҳати шеърят ба жанри ашула, ки хоси фолклори мардуми ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон мебошад, монанд аст. Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё