Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
омадаро тантанавор қабул карда, қисми онҳоро ба мардум бахшида, ҳиссаи дилхоҳашро ба хазина медод1.
Дар бораи ҷашни наврӯзии замони Сосониён ривояте низ ҳаст, ки мувофиқи он гӯё пеш аз Наврӯз марди хушандоме ба ҳарами шоҳ даромада, то субҳ шоҳро мунтазир мешудааст. Ҳамин, ки субҳидам шоҳ ӯро медидааст, мепурсидааст:
— Ту кистӣ? Аз куҷо омадай? Номат чист ва чӣ мехоҳӣ? Ба чӣ кор ба андарюн омадай ва бо ту чист?
Ӯ ҷавоб медадааст:
— Ман пирӯзам, номам муборак ва аз сӯи бахт омадам. Барои ту подшоҳӣ, некбахтӣ ва тандурустӣ хоҳонам ва соли навбро бо худ овардам.
Пас аз ин гуфтугӯ марди меҳмон менишастааст ва дар назди шоҳ хон меоростаанд, ки дар он аз гандум, ҷав, нахӯд, кунҷид ва шолӣ ҳафтхӯшагӣ мегузоштаанд, баъд аз он шакар ва динору дирхам низ меовардаанд. Тӯҳфаю инъомҳои аз вилоятҳо овардаро ҳам пешкаш мекардаанд. Аввал вазир, баъд дигарон бо тӯҳфаҳо назди шоҳ медаромадаанд. Нонҳои гирдаи бузургеро, ки аз ин ғалладонаҳо мепухтаанд, дар назди шоҳ мегузоштаанд. Шоҳ порае аз нон шикаста мехӯрдааст ва аз неъматҳои дигар мечашидасту мегуфтааст:
— Ин рӯзи нав аз моҳи нав, аз соли нав аст ва мо ниёзмандем, ки он чизро рӯзгор куҳан кардааст, нав бикунем ва мардумро накӯ бидорем.
Баъд аз он шоҳ ҳозиронро ба муносибати соли нав муборакбод мекардааст2.
Яке аз русуми наврӯзӣ, ки ҳанӯз дар замони Сосониён вуҷуд доштааст, сабзонидани ғалладона мебошад. Мардум бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз гандум, нахӯд, ҷав барин ғалладонаҳоро ба миқдори муайян ва дар ҷойҳои махсус кошта месабзонидаанд. Аз рӯи сабзиши ғалладонаҳо оид ба корҳои деҳқонӣ худ пешбинӣ мекардаанд.
Дар ин хусус ривояте ҳаст, ки он ақидаи мардумро дар бораи хайру баракат ва неку бад шинос мекунад. Мувофиқи ин ривоят гӯё иблис хайру баракат ва фаровониро аз байни мардум дуздида мебарад. Зиндагӣ ба нобудӣ дучор мешавад. Ҷамшед бо иблис мубориза мебарад ва бар вай ғолиб меояд. Одамон аз бадбахтӣ, ки иблис оварда буд, наҷот меёбанд, хайру баракат, фаровонӣ дар ҳаёт ҷорӣ мегардад. Дар назари мардум аз Ҷамшед нур меборад, ҷавоҳироти тоҷи сари Ҷамшед ҳамчун офтоб медурахшад, дарахтоне, ки хушк шуда буданд, аз нав сабз мешаванд. Мардум мегӯянд: рӯзи нав — Наврӯз омад. Аз ҳамон вақт дар арафаи Наврӯз ғалла-донаро махсус
1 Ниг.: Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-Боқия, саҳ. 246.
2 Саид Нафисӣ. Таърихи ҷашни Наврӯз, маҷаллаи «Паёми навин». 1338, фарвардин, № 7, саҳ. 14.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё