Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
карда мешавад. Дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз дар осори олимон ва шоирони замонҳои гузашта маълумотҳои судбахше мавҷуданд. Масалан, олим ва файласуфи бузург Абӯрайҳони Берунӣ бунёди ҷашнгирии Наврӯзро ба яке аз қаҳрамонони достонҳои эронӣ Ҷамшед нисбат дода, чунин менависад: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷин ва шаётин онро ҳамл карданд ва ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобуул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд. Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед дар шаҳрҳо зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд»¹.
Муҳаммад Наршахӣ низ дар китоби худ «Таърихи Бухоро» дар бораи чӣ тавр ҷашн гирифтани Наврӯз маълумот додааст. Ӯ мегӯяд, ки Наврӯзро чӣ аҳли дарбор ва чӣ мардуми омӣ ҷашн мегиранд. Аввал дар ибтидои моҳи фаровардин деҳқонон, баъди панҷ рӯзи он муғон қайд мекунанд. Бинобар ин якеро «Наврӯзи кишоварзон», дигареро «Наврӯзи муғон» мегӯянд².
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам қайд шудааст, ки асосгузори ҷашни Наврӯз Ҷамшед мебошад. Сабаб ниҳодани Наврӯз он будааст, ки, — менависад муаллифи китоб, — чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рабъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамал боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бадии дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард³.
Аз рӯи гуфтаи Хайём офтоб дар сесаду шасту панҷ рӯз ду давр мезанад ва ин ду давр, ки ба охир расид, сол поён ёфта, моҳи ҳамал, яъне фасли баҳор сар мешавад, соли нав оғоз меёбад.
Дар бораи муддати ҷашни Наврӯз дар маъхазҳои асри миёна маълумотҳо гуногунанд. Масалан, мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ дар замони Сосониён Наврӯз шаш рӯз ид гирифта мешудааст. Ӯ қайд мекунад, ки шоҳ рӯзи аввалини Наврӯзро дар мулоқот бо мардум, рӯзи дуюмро бо мансабдорону ашрофон, рӯзи сеюмро бо уламову фузало, рӯзи чорумро бо аҳли дарбор, рӯзи шашумро худи шоҳ махсус қайд мекард. Бинобар ин рӯзи шашумро Наврӯзи бузург меномиданд. Шоҳ дар Наврӯзи бузург тӯҳфаю инъомҳо аз музофоту вилоятҳо
1 Абӯрайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия. Теҳрон, соли 1321 ҳиҷрӣ (1943 милодӣ). саҳ. 242.
2 Ниг.: Муҳаммади Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Париж, 1892, саҳ. 14.
3 Умари Хайём. Наврӯзнома, саҳ. 89. Дар китоби «Омар Хайям» трактаты, М., 1961.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё