Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
муносибати бадеӣ бояд ба вуҷуд ояд, имконияте муҳайё шавад, ки инсон ҷаҳонро ба таври эстетикӣ дарк карда тавонад.
Яке аз намудҳои қадимтарини эҷодиёти бадеӣ суруди меҳнат мебошад, ки бевосита бо фаъолияти меҳнатии инсони ҷамъияти ибтидоӣ алоқаманд аст. Ин навъ сурудҳо то замони мо нарасидаанд, аммо хусусияти онҳоро аз рӯи сурудҳое, ки дар баъзе халқҳо боқӣ мондаанд, фаҳмидан мумкин аст. Дар ин бобат сурудҳое, ки К. Бюхер дар асари худ «Кор ва ритм» овардааст, мисол шуда метавонанд1. Мо аз рӯи асари ин олими немис бо сурудҳое шиносоӣ мешавем, ки оҳангашон бо белзании ҳангоми заврақронӣ, бо низоми шудгори замин, хирманкӯбӣ, хамиркунӣ ва ғайра алоқаи зич дорад. Гумон меравад, ки сурудҳои меҳнат дар ибтидои пайдоиши худ хеле содда буда, аз нидою овозҳои ҷудогонаи такрор ва ё калимаҳои кӯтоҳи алоҳида иборат буданд.
Рақсу бозиҳои одамони ҷамъияти ибтидоӣ низ бо меҳнат вобаста буданд. Онҳо ҳангоми киштукор, хирманкӯбӣ, мевағундорӣ ва ғайра иҷро карда мешуданд. Дар байни халқҳои Аврупо ин навъ рақсу бозиҳо ба сифати маросимҳо то асри XIX нигоҳ дошта шудаанд. Аммо онҳоро дар байни халқҳое, ки хеле ақиб мондаанд, ҳоло ҳам дучор кардан мумкин аст. Масалан, кишти шолӣ аз тарафи тагобосҳо ном яке аз қабилаҳои ҷанубии ҷазираи Минданаюни уқёнуси Ором ин тавр гузаронида мешавад: «Дар рӯзҳои кишти шолӣ ҳамаи зану мард аз пагоҳӣ дар як ҷо ҷамъ омада, ба кор шурӯъ мекунанд. Мардон пеш-пеш рақскунон мераванд ва ба замин зоғнӯл зада чукураке месозанд. Аз паси онҳо занон рафта, ба чукурак донаи шолиро мепартоянд ва бар болояш хок мекашанд»2.
Дар ин ҳодисаҳо ибтидои пайдоиши ин ё он намуди санъат ро пай бурданд мумкин аст. Вале он аз тарафи инсон ҳамчун санъат фаҳмида нашуда буд, чунки таҷАССУМИ шуури эстетикии инсон ҳисоб намешуд. Дар асл асоси санъат эҷодкорона фаҳмидану фаъолона дарк кардани ҳастӣ ва муборизаи фаъоли инсонро дар образҳо нишон додан аст. Санъат ҳамчун ифодаи муносибати бошууронаи инсон нисбат ба олами ҳастӣ хеле дер пайдо мешавад. Аниқтараш, пайдоиши санъат ба давраи палеолит, ба даврае, ки инсон на фақат қобилияти фикркуниро соҳиб шуда буд, балкӣ вай эҳсосан низ тараққӣ карда, эҷодкунандаи асари бадии гардида буд, рост меояд. Дар ин давра инсон аллакай қобилияте дошт, ки фаъолияти бадеиро на ҳамчун воситаи меҳнат, балкӣ ҳамчун як намуди махсуси фаъолият ва бо ҷиҳатҳои моддию амалии ҳаёт вобаста фаҳмида гирад. Инсон санъатеро ба вуҷуд меоварад, ки вай ҳастиро инъикос мекунад ва яке аз воситаҳои дарккунии ҳаёт ва ифодаи эмо-
1 Ниг.: К. Бюхер. Работа и ритм. Перевод с немецкого С. С. Заянского, М., 1923. г.
2 Г. В. Плеханов. Письма без адреса, стр. 94-95.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё