Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
як силсила типҳои эҷодкурони боистеъдоди халқӣ, гӯяндагони афсонаю сурудҳо чун дар эҷодиёти М. Горький мушоҳида намешавад. М. Горький ба таърих, урфу одат, санъати бисёр халқҳои Европа ва Осиё мароқи калон зоҳир кардааст. Вай дар асарҳои бадеии худ бо мақсадҳои гуногуни эҷодӣ фольклорро хеле фаровон, санъаткорона ва бо маҳорати махсус истифода кардааст. М. Горький борҳо эътироф кардааст, ки ба эҷодиёти ӯ фольклор таъсири бузурги мусбат расонидааст. Ӯ дар мақолааш «Дар бораи афсонаҳо» (1934) гуфтааст: «Эҷодиёти бадеии даҳанакии халқи меҳнатӣ... ин эҷоди бадеии ҷовидонӣ, саромади адабиёти китобӣ ба ман хеле ёрӣ расонд, ки бо зебоии дилчасп ва боигарии забонамон шинос шавам»1.
М. Горький донишманд ва пропагандисти эҷодиёти халқ буд. Ӯ нависандагонро ҳамеша даъват мекард, ки фольклорро ҷамъ кунанд ва омӯзанд.
Бо даъвати А. М. Горький ҳанӯз дар солҳои сиюм дар Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҷамъ кардан ва омӯхтани фольклор хеле авҷ мегирад. Олимон ва нависандагон Ҳаким Карим, О. А. Сухарева, А. Н. Болдырев, Алӣ Хуш, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, А. Мирзоев, Л. Бузургзода як қатор маҷмӯаҳои фольклориро ба нашр тайёр карданд. Ин маҷмӯаҳо мазмуни амиқ, ҳикмати беназир, зебоӣ ва нафосати диловези суруду рубоӣ, зарбулмасалу чистон, достону афсонаҳои халқи тоҷикро манзури оммаи васеи хонандагон гардонданд:
Даъвати М. Горький ба вусъат гирифтани мавқеи фольклор дар адабиёти советии тоҷик мусоидат кард.
ПАЙДОИШИ ЭҶОДИ БАДЕЙ
ВА ДАВРАҲОИ ИБТИДОИИ
ТАРАҚҚИЁТИ ОН
Масъалаи муайян кардани пайдоиши эҷоди бадеӣ ва давраҳои ибтидоии тараққиёти он хеле мураккаб аст, зеро аз осори эҷоди даҳанакии бадеии одамони ҷамъияти ибтидоӣ ягон далеле, ки дар ин хусус маълумот медода бошад, дар даст надорем. Фақат дар асоси бозёфтҳои археологӣ, этнографӣ ва лингвистӣ доир ба ин масъала баъзе мулоҳизаҳо рондан мумкин аст.
Дар илми буржуазӣ оид ба пайдоиши санъат ва адабиёт назарияҳои гуногун мавҷуданд. Назарияие ҳаст, ки гӯё санъат аз дин ба вуҷуд омадааст. Аммо бозёфтҳои археологӣ, ки ба қадимтарин давраҳои ҳаёти ҷамъият мансубанд, дар бораи мавҷуд будани дин дар оғози пайдоиши инсон чизе намегӯянд.
1 Ҳамон асар, саҳ. 767.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё