Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
меҳнаткашони қишлоқ буданд, дар эҷодиёти худ душмани Ҳукумати Советиро ҳаҷву мазоҳ карда, ба онҳо нафрат мехонданд:
Солиҳӯҷа дар сари қӯрбошнай,
Каллабуру одами ёбонай,
Ҷон вай расвоиай, расвоиай.
Мерганаш Қаҳҳори киштудира бин,
Мӯи каллаш то миён доғулиай.
Ин шеър кирдори ваҳшиёнаи босмачиёнро фош карда, ғазабу нафрати нисбат ба онҳо доштаи халқро боз ҳам афзун мегардонад. Ҳамин гуна мазмуну ғоя дар шеърҳои «Таслим шудани босмачиҳо», «Ба муқобили босмачиҳо» (Бобоюнус) ва дар суруди «Очил понсади бадкор» равшан ифода ёфтааст.
Чӣ тавре ки дар боло қайд карда шуд, дар солҳои аввали инкишофи эҷодиёти халқии замони советӣ меҳру муҳаббати халқ нисбат ба Ҳокимияти Советӣ ҳамчун яке аз ғояҳои асосӣ хеле барҷаста зоҳир мегардид. Дар эҷодиёти халқии солҳои минбаъда низ ифодаи ин ғоя ба таври васеъ давом мекунад. Аммо дар солҳои баъдина муҳаббат ба Партия ва Ҳукумати Советӣ бо мавзӯи мубориза ба муқобили душманони дохилӣ, унсурҳои бегонаи зиддисоветӣ; кулакҳо, рӯҳониён ва ғайра пайваста тасвир меёбад.
Дар солҳои дигаргунии бузург, ки дар ҳаёти деҳқонони тоҷик давраи нави таърихӣ ҳисоб мешуданд, низ шеърҳои нави шоирони халқӣ ба вуҷуд омада, на танҳо зиндагии нави колхозиро васф мекарданд, балки аз даҳон ба даҳон гузашта, ҳамчун воситаи ташвиқот роли муайяне мебозиданд, бартарии сохти нави хоҷагии коллективро нишон дода, деҳқононро ба колхоз даъват менамуданд. Масалан, дар ин бора мисраъҳои зерини шоири халқии Бадахшонӣ Ғуломҷон қобили таваҷҷӯҳанд:
Ба колхоз ҳар кӣ дохил мешавад, соҳибҳунар гардад,
Ба пеши халқи олам эътибораш мӯътабар гардад.
Хӯрад ҳосил зи кораш, бегаму бедарди сар гардад,
Ба як дам соҳиби гову замину симу зар гардад...
Юсуф Вафо дар масъалаи коллективинодани хоҷагии қишлоқ дар симои Ҳукумати Советӣ ғамхори оммаи меҳнаткашон ва деҳқонони камбағалро мебинад ва ба манфиату фоидаи деҳқонон будани хоҷагии колхозиро чунин баён мекунад:
Колхозӣ барои камбагалон аст,
Дар меҳнати колхоз нафъи калон аст.
Беҳуда набошад тадбири ҳукумат,
Тадбири ҳукумат — фоидаи деҳқон аст.
Шоирони халқии деҳқонони колхозиро ба меҳнати пурсадоқат даъват намуда, масъалаи маҳсулнокии меҳнат, мубориза

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо