Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
шоирон торафт кам шуда истодааст. Эҷодиёти онҳо як шохаи адабиётро ташкил карда, адабиётро ғанӣ мегардонад ва ба таври махсус ба завқи эстетикии бадеии хонандаи муосир ҷавоб медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, тафовути муайяни услубию бадеие, ки бо мафҳуми фолклорӣ ба шоирони халқӣ нисбат дода мешуд, рӯз аз рӯз камтар шуда, эҷодиёти инфиродӣ барои ҳама (ҳам барои шоири касбӣ ва ҳам барои шоири ғайрикасбӣ) меъёри ягона шуда истодааст.
Давраҳои таърихии эҷодиёти халқии замони советии тоҷик. Фолклор ҳам монанди адабиёт давраҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятии халқро инъикос мекунад. Баъд аз Революцияи Кабири Социалистии Октябрь дар ҳаёти халқи тоҷик чор давраи таърихӣ ба мушоҳида мерасад. Давраи якум, солҳои 1917 ва 1929-ро дар бар мегирад, ки дар он Революцияи Октябрь ва Революцияи Советии Бухоро ғалаба карда, ҷанги гражданӣ бо комилан барқарор ва мустаҳкам гардидани Ҳокимияти Советӣ ба анҷом мерасад. Мавзӯъҳои эҷодиёти халқ дар ин давра аз мадҳу тараннуми революция (ҳуррият), Ленин ва Ҳукумати Шӯроӣ, озодӣ ва нафрат ба замони амирӣ, даъват ба мубориза ба муқобили босмачиён ва ҳимояи ҳаёти нав иборат мебошанд. Дар ин давра эҷодиёти шоирони халқӣ низ мавқеъ пайдо мекунад. Давраи дуюм солҳои 1930 ва 1941-ро дар бар мегирад. Ин давраест, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт сохтмони социалистӣ ғалаба мекунад, планҳои панҷсола дар амал татбиқ карда шуда, хоҷагии қишлоқи мамлакат сар то сар коллективонида мешавад, саноатикунонидани мамлакат авҷ мегирад, революцияи маданӣ ғалаба мекунад. Мавзӯъҳои эҷодиёти халқ дар ин давра аз таърифу тавсифи колхоз ва ҳаёти хушбахтона, аз мубориза бар зидди душманони синфӣ, аз мудофиаи ватан, аз ифодаи ҳиссиёти миннатдорию хушнудӣ оид ба ободонии мамлакат, оид ба меҳнату роҳат, аз мактабу маориф, озодии занон ва ғайра иборатанд. Дар айни замон дар ин давра мавзӯъҳои давраи якум низ давом мекунанд. Фаъолияти шоирони халқӣ бештар авҷ мегирад. Давраи сеюм давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, ки аз соли 1941 то соли 1945 давом мекунад. Ҳимояи Ватани социалистӣ аз истилогарони фашистӣ, мадҳу тавсифи қаҳрамонони майдони ҷанг, даъват ба шуҷоату корнамоиҳои ҷангӣ, ба меҳнати босадокат дар ақибгоҳ, васфи Армияи Советӣ, нафрат ба душман ва ҳаҷви он аз мавзӯъҳои эҷодиёти халқии ин давра ҳисоб меёбад. Дар ин давра эҷодиёти халқро пафоси ватандӯстию қаҳрамонӣ бештар фаро мегирад. Образ ва сюжетҳои қаҳрамонию паҳлавонии анъанавӣ аз нав ба таври махсус садо медиҳанд. Давраи чорум, ки аз соли 1945 то солҳои охирро дар бар мегирад, давраест, ки халқи советӣ ба ҳаёти осоишта гузашта, бо азнавбарқароркунии хоҷагию иқтисодиёти мамлакат, бо сохтмони коммунистӣ ва меҳнати осоишта машғул мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо