Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ки дар рӯзҳои мо барои омӯхтани психологияи халқ хеле муҳим ва зарур мебошад»¹.

Ба қавли В. Д. Бонч-Бруевич В. И. Ленин «Қиссаҳои кишвари Шимол»-ро, ки аз тарафи Е. В. Барсов навишта гирифта шудаанд, аз назар гузаронида, ба сурудҳои андӯҳгини «Сарбозӣ, сипоҳӣ, кироя» диққати махсус додааст. В. И. Ленин дар ин сурудҳо материали хеле пурқиматро мебинад ва дар онҳо ба таври аъло акс ёфтани низоми давраи аракчеевии — Николаиро қайд менамояд.

В. И. Ленин махсусан ҳамон асари халқиро хеле пурқимат медонит, ки дар он рӯҳи озодихоҳии халқ ифода шудааст. Дар суханони В. И. Ленин, ки оид ба зарурати омӯхтани фольклор «аз нуқтаи назари иҷтимоӣ-сиёсӣ» ва ҷамъ кардани «сурудҳои пинҳонӣ, рӯпӯшмонда, афсонаҳо, ҳаҷвияҳо» гуфта шудаанд, нишондоди хеле муҳими методологӣ ифода ёфтаанд.

В. И. Ленин шунидани сурудҳои халқиро хеле дӯст медошт ва худаш ба хорҳо иштирок мекард. «Интернационал», «Марсельеза», «Варшавянка», «Дар кӯрғони куҳани дашти васеъ», «Аз бандагии сахту гарон дар азобам», «Ғуррише дошт тӯфон», «Баҳри бошараф, Байкали муқаддас», «Дубинушка» ва «Рафиқон, далерона қадам занед» аз сурудҳои дӯстдоштаи ӯ ба ҳисоб мерафтанд².

В. И. Ленин дар асарҳои худ аз зарбулмасал, мақол ва ибораҳои таъбирҳои халқӣ хеле васеъ истифода бурдааст.

Мулоҳизаҳои В. И. Ленин дар бораи фольклор ва муносибати ӯ ба асарҳои эҷодиёти даҳонии халқ ба аҳамияти калон моликанд.

МАКТАБ ВА РАВИЯҲОИ ФОЛЬКЛОРШИНОСӢ

Мактаби мифологӣ. Дар ибтидои асри XIX дар Аврупои Ғарбӣ, дертар дар Россия назарияе дар фольклоршиносӣ ба вуҷуд меояд, ки он бо номи мактаби мифологӣ машҳур мегардад. Ин назария махсусан дар асарҳои романтикҳои немис бародарон Вильгельм (1786—1859) ва Якоб (1785—1863) Гримм ва муқаллидони онҳо А. Кум, В. Шварц, В. Маннгардт, М. Мюллер ва дигарон хеле барҷаста ифода шудааст. Дар Россия намояндагони барҷастаи мактаби мифологӣ А. Н. Афанасьев (1826—1871), О. Ф. Миллер (1833—1889), Ф. И. Буслаев (1818—1897), А. А. Котляревский (1837—1881) ва дигарон буданд.
Назарияи мифологӣ ба баъзе асарҳои олими бузурги рус ва украин А. А. Потебня (1835—1891) низ таъсир расонидааст.

1 В. Л. Бонч-Бруевич. «В. И. Ленин об устном народном творчестве»
журн. «Советская этнография», 1954, № 4, стр. 120.

2 Ниг.: «Воспоминание о Владимире Ильиче Ленине», ч. 1, М., 1956, стр. 250.

пешина
аз 295
навбатӣ