Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

дар вақти тақсими ғалла бисёр вақт каллапӯш вазифаи андози ченакро адо мекард1. Деҳқонон каллапӯшҳояшонро аз сар гирифта, ба сари «тӯдаи арзан» менишинанд. Тақсимкуниро деҳқони пир ба зимма гирифта, дар вақти гирифтани ҳаққи худ каллапӯшро лабрез мекунаду ба шарикаш ним-ним карда медиҳад. Байни деҳқонон ҷанҷол бармехезад. Ҳамин вақт бой расида омада, ҳаққи худро талаб мекунад. Деҳқонон аз се як қисми арзанро ба ӯ доданӣ мешаванд, вале бой ба ин қаноат накарда, қисми зиёди арзанро гирифтан мехоҳад. Деҳқонон ба ӯ дармеафтанд. Часпочаспӣ сар шуда намуди хандаоваре ба худ мегирад. Бой ба деҳқони ҷавон ними арзанро ваъда карда, ӯро ба тарафи худ кашида, дар қасди ҷазо додани деҳқони пир меафтад. Деҳқонон пир гурехта, дар байни издиҳоми мардум сар паноҳ мекунад.

Драмаҳои халқӣ монандӣ афсонаҳо, махсусан, афсонаҳои ҳаҷвӣ ва воқеӣ-маишӣ эътирози аҳли меҳнатро бар зидди зулми феодалӣ инъикос намуда, задухӯрдҳои иҷтимоӣ, муборизаи ситамдидагон барои ҳуқуқ ва манфиатҳои худ акс менамоянд ва ҳаёти вазнини деҳқонони камбағалро нишон медиҳанд. Дар пьесаи «Хирсбозӣ» шикорчиён ба қозии маккори беадолат ҳамла карда, ҳаққи худро аз ӯ рӯёнида мегиранд. Дар пьесаи «Арзанкорӣ» натиҷаи муборизаи деҳқонони камбағал ба худ ранги дигар мегирад. Ин ҷо макру ҳилаи бойи ситамгар ба якдилии меҳнаткашон дар муборизаи зидди беадолатӣ рахна зада, ғалабаи аҳли ситамро таъмин менамояд. Пьеса дар баробари нишон додани сахтии зиндагии деҳқонони камбағал нотифоқӣ ва маҳдудияти фикру мақсадҳои онҳоро ба зери танқид гирифта, баъзе сабабҳои маҳрумшавиҳои меҳнаткашони деҳотро аз ҳосили меҳнати худ кушода медиҳад.

Дар байни пьесаҳое, ки ба ҳаёти косибони майдаҳунарманд оиданд, пьесаи «Карбосбозӣ» мавқеи муҳим ишғол менамояд. Пьеса ҷараёни кори карбосбоф ва хулқу атвори намояндагони ин касбро манзури тамошобинон мегардонад.

Масхарабоз аз байни тамошобинон ду нафарро ҷудо карда, онҳоро пешу қафо, дар масофаи 3-4 метр дур аз ҳамдигар нигоҳ дошта, саллаашро кушода, як нӯгашро ба китфи яке, нӯги дигарашро ба китфи дигаре мебандад, ки ин «дӯкони карбосбозӣ»-ро ифода мекунад. Масхарабоз бо ҳаракатҳои гуногун рафти кори бофрандаро намоиш медиҳад. Баъди «тайёр шудан»-и карбос, деҳқоне (роли онро масхарабози дигар иҷро мекунад) пеш омада, ба карбос харидор мешавад. Бофранда дар қасди фиреб додани ӯ мешавад. Деҳқон нияти ӯро пай бурда, ҷанҷол мехезонад. Бофранда розӣ нашуда, ба деҳқон ҳамла мекунад. Деҳқон гурехта меравад.

Мардуми эҷодкор будани масхарабозон аз ҳар як драма на-

1 М. Рахимов. Земледелие таджикиков бассейна р. Хингоу в дореволюционный период. Душанбе, 1957, стр. 173.

пешина
аз 295
навбатӣ