Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз ин Ҳасаналӣ дар қасди аз худ кардани ҳунаре афтода, аз акааш, Мирзораҳим, ки навозандаи хуб будааст, дуторнавозиро ёд мегирад, аз ҳофизон «Ман доғ»-ро ва аз иҷрокунандагони драмаҳои ҳаҷвии халқӣ масхарабозиро меомӯзад. Яке аз масхарабозони машҳур Чунайд ном марди шингдарагӣ1 будааст, ки драмаҳои «Пиракбозӣ» ва «Хирсбозӣ»-ро махсусан хуб иҷро кардааст. Ҳасаналӣ иҷрои ин драмаҳоро аз ӯ ва як қатор драмаҳои дигари халқиро аз масхарабозҳои гуногун, аз ҷумла, аз Маҳмуд ном ҳамдеҳааш ёд мегирад.

Одатан барои худ як-ду ва бештар аз ин шарик пайдо кардани масхарабоз зарур мебошад, зеро бе шарик иҷрои драма аз имкон берун аст. Шарики масхарабоз шахси оддӣ набуда, дар ин ҳунар қобил ва хушзеҳн бояд бошад.

Дар аввалҳо ба Ҳасаналӣ додараш Ҳусайн ҳамроҳӣ мекунад. Баъдҳо, пас аз вафоти Ҳусайн, Ҳасаналӣ бо Одинаев Мурод ном масхарабоз, ки аз деҳаи Пушти Боғи советии қишлоқи Дашти Шӯрои Сарихосор будааст, шарик мешавад. Мурод соли 1951 ба Кангурт кӯчида меравад. Ҳасаналӣ танҳо монда, ҷиянаш Саидалиев Саидвалиро (Саидвали соли 1929 таваллуд ёфтааст) ба худ шогирд карда мегирад. Ҳоло шогирди ҷавонаш ба драмаҳое, ки ӯ иҷро мекунад, бомуваффақият иштирок менамояд.

Ҳасаналӣ аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки хушнуд ва хушҳол кардани одамонро вазифаи пуршарафи худ медонад. Барои мардум зарур ва муфид будани ҳунари ҳофизӣ ва масхарабозиро Ҳасаналӣ ҳанӯз дар айёми ҷавониаш ба хубӣ фаҳмида гирифта, бо мароқи тамоми ба ин кор машғул мешавад. Вай дар бораи зарур шуда мондани ҳунараш ба мардум ва ба ин сабаб чӣ хел бори аввал дар назди мардум масхарабозӣ кардани худ чунин нақл менамояд: Маҳмуд ном ҳамдеҳааш драмаҳои халқиро хеле хуб иҷро кардааст. Мардум ӯро ба маъракаҳои гуногун ва тӯйҳои худ даъват мекарданд. Дар яке аз тӯйҳо Маҳмуд, ки мӯйсафед шуда монда будааст: «Дар даҳанам дандон намондаст, дар баданам дармон намондаст» — гӯён аз бозӣ даст мекашад. Ҳозирон бисёр илтимос мекунанд, фоидае намебахшад. Ин ҳолро дида Ҳасаналӣ ба миён медарояд ва ду-се бозии ӯро иҷро менамояд. Аҳли маърака хурсанд мегарданд. Маҳмуд бошод, ба ӯ таҳсин мехонд.

Ҳамин хел пеши роҳи Ҳасаналӣ кушода мешавад. Ӯро ба қатори ҳофизон ва гӯяндагони номӣ ба тӯйҳо, ба базму зиёфатҳо даъват мекунанд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ майдони ҳунарнамоии Ҳасаналӣ васеътар ва серодамтар мешавад. Соли 1939-ум аз ҳукумати ноҳияи Сарихосор барои ҳамроҳи дастаи ҳаваскорони халқӣ дар назди аҳолии деҳаҳои гуногун, аз ҷумла, аҳолии маркази ноҳия бомуваффақият баромад карданаш, мукофотҳо ме-

1 Шингдара — деҳаи Сарихосор.

пешина
аз 295
навбатӣ