Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

раққиёти маданияти бисёр асраи инсоният назарияи мустаҳкаме пайдо карданд. Дар асарҳои онҳо роҳҳои ба эҷодиёти бадеии замонҳои гузаштаи халқ чӣ гуна муносибат доштани коммунизми илмӣ зикр ёфта, вазифаҳои барпосозии маданияти нави демократӣ, ки бо ҳаёт ва муборизаи меҳнаткашон алоқаманданд, муайян карда шудаанд.

В. И. Ленин дар бораи фольклор. Нуқтаи назари В. И. Ленин дар бораи адабиёти бадей ва эҷодиёти даҳонии халқ аз ақидаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва таърихии ӯ ба вуҷуд меояд. Суханони В. И. Ленин оид ба масъалаҳои халқияти санъат, адабиёт ва фольклор хусусияти амиқи ҳизбӣ дошта, ба кори муборизаи озодихоҳии синфи коргар хизмат мекунанд ва ба муқобили душманони марксизм равона карда шудаанд. В. И. Ленин дар суҳбати худ бо Клара Цеткин гуфта буд: «Санъат азони халқ аст. Вай бояд дар байни оммаи васеи меҳнаткашон чуқур реша ронад. Вай бояд ба ин омма фаҳмо ва маҳбуб бошад. Вай бояд ҳиссиёт, афкор ва иродаи оммаро муттаҳид карда, онҳоро ба по хезонад. Вай бояд аз байни омма санъаткоронро бедор кунад ва онҳоро ба камол расонад»1.

Дар ин суханони пурҳаҷм ва фаҳмо хусусиятҳои муҳимтарини халқияти санъат: алоқаи он бо мубориза, бо орзую омоли омма, демократизми он, оммафаҳмӣ, дорои ғояи баланд будан, ҳақиқатнигорӣ ва нақши тарбиявию ташкилотчигии он муайян карда шудаанд.

В. И. Ленин ба мафҳуми «халқ» муносибати конкретӣ-таърихӣ доштанро зарур мешуморад. Ӯ зарур медонад, ки дар давраҳои гуногуни тараққиёти ҷамъияти инсонӣ моҳияти иҷтимоӣ, синфии ин мафҳум дар назар дошта шавад. В. И. Ленин калимаи «халқ»-ро аз рӯи он маънидод мекунад, ки ин ё он синф ва табақаҳои иҷтимоӣ дар муборизаҳои озодихоҳӣ чӣ хел мавқеъ доранд. Мафҳуми конкретии «халқ» ва моҳияти иҷтимоию синфии он ба хусусияти муносибати синфӣ ва ҳаракати революсионӣ-озодихоҳӣ вобаста аст. Аз ин хулосае мебарояд, ки истеъмоли мафҳуми «халқ» бояд конкретӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-синфӣ бошад. Мафҳуми «эҷодиёти бадеии халқ»-ро низ ҳамин тавр фаҳмидан лозим аст. Вале мафҳуми фольклорро барои ҳамаи давраҳои таърихӣ як хел ва ба таври умумӣ татбиқ кардан нодуруст аст. Хусусиятҳои иҷтимоӣ ва мураккаби эҷодиёти бадеии халқро, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ тағьир меёбанд, ба назар гирифтан лозим аст2.

Ҳангоми омӯхтани процесси инкишофи эҷодиёти халқ таълимоти В. И. Ленин дар хусуси мавҷуд будани ду маданият дар дохили ҳар маданияти миллӣ аҳамияти махсус дорад.

1 Сб. «Ленин о культуре и искусстве». М., 1956, стр. 425.
2 В. Е. Гусев. В. И. Ленин о народе и проблемы фольклористики, «Русская литература». М., 1960, № 2.

пешина
аз 295
навбатӣ