Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

мушоҳида мешавад. Лексикаи бой ва гуногунии шаклҳои грамматикӣ, ки хоси лаҳҷа аст, муносибати озод ба материали бои забони зиндаи гуфтугӯӣ барои дар байтҳо истеъмол шудани қофияҳои рангоранг мусоидат кардааст.

Байтҳо аз радиф низ фаровон истифода мекунанд. Байтҳои радифдор кам вонахӯранд. Бисёр радифҳо соддаанд — ҳаҷми байт ба вусъат ёфтани радиф имконият намедиҳад, вале радифҳои таркибие, ки аз ду ё се калима иборатанд, каму беш ду-чор мешаванд:

Эй булбули хушнаво, навои дила гӯ,
Дардманд манамо, давои дила гӯ.

Масъалаи вариант дар байтҳо низ басо аҷиб аст. Ҳаҷми байт ва дар баробари ин маҳдуд будани маҳалли паҳншудани он барои ба амал омадани тағйироти гуногун дар байтҳо, яъне ба хеле зиёд шуда рафтани вариантҳои онҳо қисман монеъ шудааст, вале ин асло маънои онро надорад, ки ин ҳодисаи муҳими адабӣ дар байт хусусиятҳои қобили диққат пайдо накардааст. Як қатор байтҳо бо варианти зиёд ба даст омадаанд ва ҳар вариант аз нуқтаи назари вобастагии мундариҷааш бо шароити табиӣ, вазъияти зиндагӣ ва ҳолати ин ва ё иҷрокунанда қобили диққат аст. Духтаре дар фироки акааш андӯҳгин аст:

Кад-қади раҳи мерафтагем реги дурушт,
Ин доғи ҷудогии акоям мана кушт.

Ҳамин байтро ҷавони ошиқ аз рӯи вазъияти худ кадре таҳриф кардааст (шояд баръакс шуда бошад):

Ман кад-қади сой омадам-реги дурушт,
Холҳои сиёҳи рӯи ёрам мана кушт.

Дар замони мо инкишоф ёфтани жанри байт ва эҷод шудани бисёр байтҳои нав мушоҳида мешавад, ки дар онҳо дар давраи советӣ ба амал омадани орзуҳои деринаи оммаҳои меҳнаткаш дар бораи осон шудани зиндагӣ, бобаракат ва хурсандибахш шудани меҳнат, ободу чарогон шудани дурдасттарин гӯшаҳои кӯҳсори тоҷик тасвир ёфтааст ва одамони донишманду далеру тавоно васф шудааст:

Валентина, ту духтари даврунӣ,
Қандата зану дунёда кун комрунӣ!

Байтҳо чун дигар асарҳои нави халқӣ далели он табаддулоти бузурги таърихӣ шуда метавонанд, ки на фақат дар шуур, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмиши оммаи меҳнаткаш, балки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба таври васеъ ба амал омадаанд. Қаҳрамонони ин асарҳо аксаран одамонеанд, ки онҳоро дар фолклори гузашта ному нишоне набуд.

пешина
аз 295
навбатӣ