Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар байтҳо низ мавқеи муҳими истиора мушоҳида мешавад: «ниҳол» дар кӯчаҳо, дар дашту саҳро, дар сари кӯҳ роҳ мепаймояд, «қошқалам» бо таманно ҳусни худро намоиш медиҳад, «гул» бозию шодикунон намоён мегардад, «наргис» масту «лаъл» хандон мешавад, «абри баҳор» сухан мегӯяд ва рӯи инсон лолаҳо дорад:

Ман шишта будам намози шуми торик,
Пешамба расид навданиҳоли борик.

Эй қошқалам, ту ба киён афтодӣ?
Гулғунча ба дасти нокасон афтодӣ!

Дар як қатор байтҳо образҳои истиоравӣ мавриди хитоб қарор мегиранд. Қаҳрамони лирикӣ ба предметҳои гуногуни табиат: моҳ, дарёӣ, абр, офтоб, кӯҳ, зоғ, ғунҷишк, кабутар, кабк, дарахт ва ғайраҳо муроҷиаткунон муддаҳои худро арз менамояд. Дар байтҳои зерин «себи сурх» рамзи маҳбуба ва абри сиёҳ рамзи андӯҳ аст:

Эй себаки сурх, ту гул куну ғура накун,
Ман ёри туам, мана ту бегуна накун.

Эй абри сиё, пеша нагир, ман бинам,
Аз дурии ёри бовафо ғамгинам.

Умуман, аксарияти байтҳо аз нутки хитобан изҳорёфта (монолог) иборат мебошанд. Суруд-монолог табиитарин ва самимитарин тарзи ифодаи бевоситаи фикру ҳис аст1. Ғарибии пазмони ватан ба хешу табор муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки аз ғарибӣ озодаш кунанд, вай аз паррандаҳо хитобан илтимос менамояд, ки аз ӯ хабар ба хешу табор баранд, духтаре арзи ишқ мекунад ва ба ин муносибат ба маҳбубаш ҳолати худро хабар додан хоста, ба ӯ муроҷиат мекунад. Духтари бетолеъ аз модараш талаб мекунад, ки ӯро аз ғаму кулфат халос кунад. Ёре ба ёри худ аҳволашро маълум карда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки омада ба дарди ӯ даво шавад:

Монанди ҳаво туман гирифтас дили ман,
Эй ҷӯра, биё, кушода гардад дили ман.

Ҳаҷми байт ба зикри диалог имконият намедиҳад, бинобар ин байтҳои диалогдор хеле каманд: дар ин қабил байтҳо бештар ихтисоре ба амал меояд:

Ёрам мана гуфт, ки: «Мундаҳои сари кор»
Гуфтам, ки: «саломат бошӣ, эй абри баҳор».

Додот шавад розӣ барои о мана гир,
Мугуд, ки «дилам доғ асту гап дар тағдир».

1 Дар ин бора ниг.: С. Г. Лачутин. Русские народные песни, М., 1965, стр. 34.

пешина
аз 295
навбатӣ