Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба амал омадааст, акс мегардад ва ба воситаи пейзаж фикру ҳис ва ҳолати одамӣ изҳор мешавад. Байтҳои зиёд унсурҳои пейзажро дар бар кардаанд, вале азбаски ҳаҷми байт хурд аст, дар он пейзаж тафсил намеёбад ва фақат ягон ҷиҳати ҷудогонаи манзарае зикр мегардад. Бо вуҷуди ин аз маҷмӯи байтҳо манзараҳои муайян тасаввур мешавад.

Ҷузъҳои табиати саргаҳи Зарафшон баландии кӯҳҳо, макони кабкон будани дараҳо ва камарҳои кӯҳӣ, ҷарӣ ва пастию баландиҳои беохир, дарёҳои пурмавҷ аз байтҳои гуногун манзур мешавад:
Аз кӯҳи баланд фуромадам пушти мазор, Як даста гуле кандам барои дилдор.

Калик манаме, макони ман дар камар аст,
Пурдард дилам, ҷӯраи ман бехабар аст.

Дарёи калон ҷӯш мезанад, ҷӯшаш ман,
Оташ, ки аланга мезанад, дудаш ман.

Дар байтҳо бештар манзараи истиқоматгоҳҳо, гирду атрофи
онҳо, муҳити зиндагӣ, яъне ҷойҳое, ки воқеаҳои гуногун ба амал
меоянд, тасвир гардидааст. Хонае дар болои теппа тоқаву танҳо воқеъ шудааст, хонаи дигар ба дарё нигоҳ мекунад, хонаи
сеюм дар лаби ҷӯйбор аст: «Ин хонаи ёр сари баландии танҳо»,
«Ёр, хонаи ту нигоҳ кунад даррёра», «Хонаш ба лаби ҷӯбор, шиштай ба замин». Дарвозаҳо яке дар паҳлуи дигаранд, аз лаби
ҷӯй айвони хона намудор аст;

Дарвоза ба дарвоза — кӯшдарвоза,
Обҳои равон дорад, ҷӯйбори тоза.

Ман дар лаби ҷӯй шистаму ёр дар айвон,
Истода табассум мекунӣ, ман ҳайрон.

Хонаи дигар дар болои кӯҳ, дар паҳлӯи арчазор воқеъ шудааст: «Долони баланд дорию пешаш арча». Аксаран хонаҳо, чунон ки дар боби рубоиҳо дидем, дар нишебиҳои кӯҳ, яке аз дигаре болотар сохта шудаанд, каму беш ҷойҳои ҳамвор — доманаҳои камбари кӯҳҳоро мардум барои киштукор нигоҳ медоранд. Унсурҳои манзараҳои атрофи деҳа: боғот ва киштзорҳо низ дар байтҳо фаровон зикр ёфтаанд.

Ба воситаи пейзаж аҳволи рӯҳияи одамон ифода мегардад.
Дар байти зерин ба шабоҳати ду манзара ишора рафтааст.
Манзараи аввал: дар осмон моҳ шӯълавар аст ва дар паҳлӯи он ситорае медурахшад. Дилдода ин манзараро бо ҳавас тамошо карда, шабеҳи ин манзараро дар рӯи замин дидан мехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки мисли ситорагон дар бари маҳ (маҳбуба) ҳалқа занад:

Ситоран шаб ҳамрахи маҳтоби чиюн,
Ман дар бари ту ҳалқа занам, ҷураи чун!

Барои қайди роли унсурҳои манзара дар ифодаи ҳиссу ҳаяҷон

пешина
аз 295
навбатӣ