Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
сӯхтан, оби дида, оҳ, фарёд, беморӣ, бетобӣ за монандӣ инҳо мебошанд:
О, ҷӯраи ҷон, ҳардуямон ҳамдогем,
Ду булбули пошикаста дар як богем.
Каклиқ манамо, макони ман дар камар аст,
Пурдард дилам, ҷӯраи ман бехабар аст.
Бисёр дилдодагон аз ёр гила мекунанд ва ӯро сарзаниш карда, дар ҳаққи ӯ суханони талх мегӯянд, ба дилсахтӣ, бевафоӣ ва ё бадии феълу хӯи ӯ ишора менамоянд:
Сузундӣ мара, илоҳӣ ҷунат сузад,
Дарди мана тоза кардӣ, хунат резад.
Рӯзе, ки мурам, дилбар мана бинӣ ба хоб,
Хунам гирадат, аз худ гирӣ, ҷӯра, алоб.
Сабаби гиламанду озурдахотир шудан ва ранҷидани дилдодагон, албатта, ба рафтори номуносиб ва феъли нохуши ин ё он кас алоқаманд аст, вале бо вуҷуди ин, душвориҳо ва мамониатҳое, ки дар натиҷаи тангии рӯзгор ва урфу одатҳои вазнин ҳар лаҳза ба миён омада меистанд, дар байни мардум, аз ҷумла, ҷавонони ошиқ ҳамеша низову моҷароҳоро ба амал меоварданд. Барои исботи ин фикр байти зеринро мехоҳем аз назар гузаронем:
Эй ҷӯраи ҷон, ба ман нагу гапҳота,
Молома фурӯхта метиям додота.
Байни ду кас, духтар ва ҷавон норизоӣ пайдо шудааст. Духтар ба ҷавон, зоҳиран барои шикастани аҳду паймон ё ба ягон сабаби дигар суханони гилаомез ва гапҳои таънадор гуфтааст. Ҷавон бо оҳанги узр эзоҳ медиҳад, ки гап дар сари аҳдшиканӣ нест, балки дар сари мол аст, ҳамин ки ӯ молашро фурӯхта, ба падари духтар дода, розӣ кунад, байни онҳо озору ранҷиш боқӣ нахоҳад монд. Аммо на ҳар талабгори духтарро моле буд, ки падари ӯро розӣ карда, ба мурод расад. Камбағалӣ барои қисми калони ҷавонони деҳот бадбахтии азиме буд. Байтҳо низ мисли рубоиҳо моро бо аҳволи ҷавонони камбағал ва азобу изтироби онҳо шиносо мекунанд. Ҷавонон аз никоҳи маҷбурӣ, аз нодории худ ва «қимат будани нархи духтарон» шикоят мекунанд:
Нархат кимато, тура харидан нашавад,
Розӣ нашавӣ, рута газидан нашавад.
Бисёрии онҳо падари духтарро сабабгори бадбахтии худ дониста, аз ӯ шикоят мекунанд ва дар ҳаққи ӯ бо хашму эътирози тезу тунд сухан меронанд:
Чор кокули пуштат дастаи қамчинаст,
Додот намурад, илоҷӣ корам қинаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё