Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

шеър параллелизмро дар назми қадимии Шарқ асоси ҳамаи санъатҳои тасвир ҳисоб кардаанд1.

И. С. Брагинский параллелизмҳоро дар байтҳои устод Рӯдакӣ мавриди тадқиқи махсус қарор дода, ба чунин хулоса меояд, ки «мустақилияти (одатан аниқи) қисмҳо ва параллелизм дар дохили як байт ба тамоми назми классикии форсии давраҳои аввал хос буд, вале Рӯдакӣ шахсе буд, ки ин архитектоникаро, бидуни он ки хусусиятҳои банду басти онро ба мақсади хоси худ табдил диҳад, дар ягонагии ҷудонопазири ғоя ва образҳои шеър истифода намудааст. Ин хел архитектоникаи шеър дар давоми асрҳо яке аз меъёрҳои санъати шеър гардидааст...»2.

Анъанаи истифодаи параллелизм дар ашулаҳо одатан хеле устувор аст, вале ин санъат нисбат ба байту рубоӣ дар ашула хусусият ва мавқеи дигар дорад. Он на дар рамзҳои маънояшон устувор, на дар маъноҳои маҷозӣ, балки бештар дар муқоисаи хусусиятҳои зоҳирии предмет ва ҳодисаҳо сурат мегирад. Дар ашулаи зерин ду ҳодиса муқоиса мешавад, вале байни ҳодисаҳо гӯё робитаи равнани мантиқӣ мушоҳида намешавад:

Лаби чӯнда дӯлона,
Шохашанда бедона.
Аз пуштаки Ҳанифаҷон,
Аъзамҷон шут девона.

Ин навъ параллелизм танҳо ба ҷумлаи оддитарин санъатҳои назм метавонад тааллуқ дошта бошад, ки мо онро дар байту рубоӣ барин жанрҳои шаклан хеле инкишофёфтаи лирикаи халқӣ мушоҳида намекунем, вале ин асло чунин маъно надорад, ки ашула ба тасвири ҳолатҳои гуногуни рӯҳии инсон ва тобишҳои гуногуни ҳиссу идроки ӯ, ки дар байту рубоӣ ба воситаи рамзу истиора ва ташбеҳу маҷоз ифода мешаванд, қодир нест. Ашула олами ботинии инсон, ҳасби ҳол, таассуроту ҳаяҷони ӯро, пеш аз ҳама ба воситаи кинояву ишора, хитобу савол, суханбозӣ, зикри хусусиятҳои реалӣ ва муҳими ҳодисаҳо ва як қатор воситаҳои дигари тасвир инъикос менамояд.

Як қисм рамзҳое, ки дар байту рубоӣ мафҳуми устувор доранд, дар сурудҳо танҳо дар параллелизмҳо истифода гардидаанд. Масалан, дар рубоиҳо хавфу хатар, изтироб ва азоби рӯҳиро шамол, ҷола, борон ва монандӣ инҳо ифода мекунанд.
Дар суруди зерин бошад, мурод аз ишорае ба шамол танҳо ҳаракати онро қайд карда гузаштан аст. Қайди ҳаракати он барои зикри мутобиқате лозим шуда, мутобиқати ҳаракати ду чиз: шамол ва ёрро дар бар кардааст:

1 И. С. Брагинский. О мастерстве Рудаки. В кн. Рудаки, «Стихи»,
М., 1964 (минбаъд: И. С. Брагинский. О мастерстве Рудаки) стр. 399.
2 Ҳамон асар, саҳ. 404.

151

пешина
аз 295
навбатӣ