Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Бешканпая чег занам, (а)
Корвонҳо қатор-қатор. (б)
Тоҷибой- корвонбошӣ, (в)
Қуттаи фаранг биёр! (б)

Ин навъ қофиябандӣ, ки дар адабиётшиносии тоҷик номе надораду адибони рус онро «қофиябандии дутарафа» (перекрестная рифмовка) меномиданд, на фақат барои ба амал овардани таносубе байни мисраъҳо ва зоҳир шудани хусне дар гуфтор аҳамият дорад, балки инчунин барои ҷалб намудани диққат ба он фикри асосие, ки дар ашӯла ифода мегардад, роли муайян мебозанд.

Аз ҷиҳати истифодаи радиф мо дар ашӯлаҳо баъзе ҷиҳатҳои хосро мушоҳида мекунем. Аввал он ки истеъмоли радиф дар мисраъҳо ба як қоидаи муайян тобеъ намешавад. Радиф метавонад танҳо дар ду мисраи аввал воқеъ гардад ва дар ин ҳолат ҳатто мисраъҳои дигар ба калимаи пеш аз радиф не, балки ба худи радиф ҳамқофия мешаванд. Дар ин гурӯҳ ашӯлаҳо сохту тартиб ва мувозанати ба худ хоси байни мисраъҳо татбиқ мегардад:

Докашола ман пушам,
Гилемшола ман пушам.
Ҳамма давруи инӣ ман,
Сухта мурад кундошам.

Дар як қисм ашӯлаҳо ду навъ радиф воқеъ мешавад: дар мисраъҳои аввал як радиф ва дар мисраъҳои сеюму чорум радифи дигар:

Бивӣ, бивӣ, ғамнахӯр,
Як ҷумча оша кам нахӯр!
Пушти ағба бозор шуд,
Рӯмоли фаранг арзун шуд.

Дар бисёр ашӯлаҳо аз забони мушоҳидакунандагон—шоҳидони воқеаҳо яъне одамони ба воқеа иштироки бевосита надоштагӣ нақл меравад. Миқдори калони ашӯлаҳо аз монолог — сухани қаҳрамони лирикӣ: аз муроҷиату хитобу саволи ошиқон, мухотаби одамони ҷабрдидаю бекасу ғариб ва монандӣ инҳо тартиб ёфтаанд. Ошиқон ба дилбурдагони худ муроҷиат карда, ё мақсади дили худро изҳор мекунанд ва ё таънае дар ҳаққи онҳо мегӯянд ё гиламанд будани худро маълум месозанд.

Ашӯлаҳое низ кам дучор мешаванд, ки дар мисраъҳои аввалашон ҳодисае нақл шуда, муроҷиат аз мисраи сеюм шурӯъ мешавад. Муроҷиат дар ин маврид барои таъкиди мазмуни мисраи чорум хизмате дорад, ки дар он фикри асосӣ, хулосаи фикр ифода мегардад:

Рӯмоли чун дар сарам,
Ҳами гапам дар дилам.
Оҷамба рафта гӯед,
Аз ин ёрам бедилам.

пешина
аз 295
навбатӣ