Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳам яке аз намудҳои бадеҳаи бевосита мебошад»1. Н. Нурҷонов низ ба Н. Маъсумӣ ишора карда, суханони ӯро дар бораи бадеҳаи бевосита маъқул дониста, сабаби маъмул будани ин қабил бадеҳаҳоро шарҳ дода, баён мекунад, ки барои якҷоя суруд хондани зану марди мусулмон дар гузашта имконияте вуҷуд надошт ва бинобар ин бадеҳаҳои бевосита пайдо мешу- данд2.

Ин фикр аз як ҷиҳат дуруст аст: сурудҳое, ки сар то по гуфтугӯи ду касро дар бар мегиранд, на фақат шаклан, балки маъмунан ҳам ба бадеҳа наздиканд. Онҳо низ одатан шӯх ва ҳазломезанд. Масалан, ҳамон суруди «Зар бидеҳ»-ро гирем.

Дар суруд дар бораи маҳбубае сухан меравад, ки шӯхӣ пур- нозу ишвагар аст ва монанди ҳар як маҳбубаи шӯх (образи як силсила ғазалу мухаммасҳои адибони гузашта) аз азоб каши- дану озор диданҳои маҳбуб лаззат мебарад, вале талаби ӯ, ки боиси мушкилоти маҳбуб аст, як хусусияти хоси ҳақиқати ҳаё- ти давраҳои гузаштаро акс менамояд ва аз ин ҷиҳат образи ӯ заминаи ба куллӣ воқеӣ пайдо мекунад. Номуносибтарин мард, агар соҳиби зар мебуд, духтари дилхоҳашро харида гирифта метавонист. Ин ҳақиқати зиндагӣ дар суруди номбаршуда бо ҳаҷви басо латиф ифода шудааст. Маҳбуб дар нахуст бе муло- ҳизаи зиёд аз маҳбубааш бӯса талаб мекунад ва ӯ боварӣ до- рад, ки барои ин ошиқ буданаш басанда аст. Маҳбуба бар хи- лофи интизории ӯ, зар мехоҳад:

Гуфто: бирав аз пеши ман,
Гар бӯса хоҳӣ, зар бидеҳ!

Маҳбуби соддадил ҳанӯз гумон дорад, ки маҳбуба ҳазл ме- кунад. Вай ҷони худро пешниҳод менамояд, аммо беҳуда:

Гуфтам: надорам симу зар,
Овардаам ҷон дар гузар!
Гуфто: нахӯр хуни ҷигар,
Гар бӯса хоҳӣ, зар бидеҳ!

Ихтилофи байни хоҳиши ду тараф беш аз пеш амиқтар шу- да, як лавҳаи зиддиятноки драмавӣ ба миён меояд. Ошиқ маҳбубаро ҷафокор ва худро паҳлавон меномад, вале ин ҳам ба духтари зархоҳ таъсир намекунад, ошиқ худро шоҳзода эъ- лон мекунад, духтари якрав эътиборе намедиҳад:

Гуфтам, ки ман шоҳзодаам,
Дар кӯи ишқ афтодаам!
Гуфто, ки ҳиндузода бош,
Гар бӯса хоҳӣ, зар бидеҳ!

Н. Маъсумӣ сабаби ба вуқӯъ пайвастани драматизмро дар ин суруд қайд карда, менависад, ки «муҳокимаи масъалаи муҳаббат

пешина
аз 295
навбатӣ