Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

1959, № 122) чоп шуда буд, хеле хуб баён шудааст: «Гулпарӣ, — менависанд номбурдагон, — як бадеҳаи латифи ҳазломезест дар байни маъшуқаи ширинкори шӯрангез ва ошиқи бадгумон. Духтар бо ёдоварии намудани гулдастаи боғбонбачаю гӯшвори заррини заргарбача ба маҳбуби худ хотиррасон мекунад, ки вай ин нишонаҳои муҳаббат ва илтифотро аз ӯ чашмдор аст. Вақте ки ба хотимаи суруд диққат кардед, масъала худ ба худ равшан мешавад. Ба саволи охирини ошиқ: «дар дилакат ёди кӣ буд?» духтар ҷавоб медиҳад, ки «дар дилакам ёди ту буд» ва дугонаҳояш ҳам инро тасдиқ мекунанд»¹.

Ин қабил сурудҳо ба хубӣ нишон медиҳанд, ки бадеҳа барои изҳори намоиши шавку ғайрати ҷавонӣ ва ҷӯшу хурӯши дилҳои масрур имконияти фаровоне дорад ва як ҷиҳати хоси назми халқӣ — зуҳуроти ҳаётдӯстӣ ва зиндадилию оммаи меҳнаткашро равшан ифода менамояд, ки ба ин даъво алалхусус суруди зерин, ки назирашро мо дар фолклори туркман мушоҳида мекунем¹, мисол шуда метавонад:

Духтар: Кабкак шаваму ағба бароюм, ёрум!
Бача: Уқоб шаваму тура фурорум, ҷонум.
Духтар: Уқоб шавнию мара фарорӣ, ёрум!
Оҳу шаваму шуха бароюм, ҷонум.
Бача: Оҳу шавию шуха барой, ёрум,
Тозӣ шаваму тура фурорум, ҷонум.
Духтар: Тозӣ шавию мара фарорӣ, ёрум,
Сайде шаваму саҳро бароюм, ҷонум!
Бача: Сайде шавию саҳро барой, ёрум,
Боша шаваму тура биёрум, ҷонум!

Дар давоми бадеҳа духтар арз мекунад, ки ӯ метавонад дуд шуда, ба ҳаво барояд, ғунҷишк шуда ба бутта нишинад, моҳӣ шуда, ба об расад ва ё сабза шуда аз замин рӯяд. Ҷавон, дар навбати худ, мегӯяд, ки ӯ метавонад шабнам ба муқобили дуд, алав ба муқобили бутта, шаст барои моҳӣ ва барра барои сабза шавад. Бадеҳа бо суханони хандаовари духтар тамом мешавад, ки ӯ оқибат гапи худро гузаронида, ғалаба мекунад:

Духтар: Барра шавию саракма чинӣ ёрум,
Чарбу накунум, зи гусса мурӣ ҷонум!

Баъзе тадқиқотчиён сурудҳоеро, ки бо вуҷуди сар то по аз диалог иборат буданашон, аз забони як кас нақл шуда, дар онҳо диалог ба воситаи феълҳои замони гузаштаи ҳикоягӣ: «гуфт», «гуфтан(д)» ифода гардидааст, ба қатори бадеҳаҳо дохил кардаанд ва онҳоро як навъи махсуси бадеҳа шуморидаанд. Н. Маъсумӣ менависад: «Баъзан ҳодиса баъд аз воқеъ шудан, аз тарафи яке аз қаҳрамонҳо (одатан мард) ҳикоя карда мешавад. Масалан, бадеҳаи — «Зар бидеҳ» ҳамин гуна аст...

¹ Ниг.: «Спор девушки и юноши». Туркманские народные песни, Ашхабад, 1961, стр. 63-64.

пешина
аз 295
навбатӣ