Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯйсафед аз ишқ сухан меронад. Духтар кӯшиш менамояд, ки ӯро шарманда кунад:

Э пиракии раҳгузари бемазагӯ,
Ҳарчанд, ки шоирӣ, бисёр магӯ.
Ман дар чӣ хаёламу туро чист хаёл, э бобом,
Ман дар гули рӯи ту намебинам бӯ...

Ман қабза кунам ҳамин замон ҷони туро,
Бо санг занам даҳону дандони туро...
Меҳмони манӣ, зи бӯса армон дорӣ, э бобо,
Дар хок занам ҳавасу ормони туро...

Бадеҳа 40 банди чормисрагиро дар бар мегирад ва бо банде хотима меёбад, ки мӯйсафед духтарро фарзанди худ мехонад. Дар ин бадеҳа ҳам фикри аз ҳадди эътимод берун ва нохушу ногувор будани ишқварзии пирамардон пеш ронда мешавад, ки маҳз ҳамин фикр дар асли бадеҳа ҷой доштааст.

Бисёр бадеҳаҳо ҳаёти шахсии оилавӣ: муносибати модару духтар (ё падару духтар), додару хоҳар, ҷавону духтари ошиқ ва монандӣ инҳоро тасвир мекунанд. Дар онҳо одатан хоҳишу орзӯи дили ҷавонон хеле пуршавқ, самимию табиӣ ифода шуда, ба шунаванда завқу сурур мебахшад. Мақсади ин бадеҳаҳо ҳам шунаванда (тамошобин)-ро хурсанд кардан ва дар димоғи ӯ хушию хуррамие ба вуҷуд овардан аст. Духтараке дарди дили худро ба модараш арз мекунад.

Духтар: Дылкоко дорум, оча,
Дарди дил дорум, оча.
И дардаке ма дорум,
Охир мемурум, оча.

Модар ба ӯ рӯймол харидани мешавад, духтар рад мекунад:

Бозорум нарав, оча,
Румолум нахар, оча,
Дар саракум намепоя,
Дылкокома намеброра.

Модар курта, гӯшвор, кафш ва ғайра гирифта додани мешавад, духтар қабул намекунад. Ниҳоят, модар ба вай шавҳар таклиф мекунад. Духтар хурсанд мешавад.

Чунон ки мебинем, образҳои ин гурӯҳи сурудҳои халқӣ дилчасптарин ҷиҳатҳои феълу атвори одамӣ: майл ба шӯхию бозӣ, нозу таманно, ҳазлу мазоқи мароқангез ва ғайраро таҷассум кардаанд. Аз он ки ин майл бо сидқи дил ва зимнан бо исрору таъкид изҳор мешавад, таъсири бадеҳа ба тамошобин хеле меафзояд. Бадеҳаи «Эсунаки бом» ба ин мисоли равшан шуда метавонад. Духтари танноз бо соддадилии мафтункунанда дар бораи орзуҳои худ сухан меронад ва ошиқи ӯ ҷавони ҳамин хел поку оддӣ ба иҷрои орзуҳои ӯ тайёр будани худро бо камоли

пешина
аз 295
навбатӣ