Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дар байни онҳо дар баъзе деҳаҳо ҳанӯз ин рақс иҷро карда мешавад»¹ — мегӯяд ӯ. Рақсро масҳрабозон дар ниқоб ва либоси махсус иҷро мекарданд ва одатан (бештар дар байни занон) ба иҷрои он ду кас: марду зан иштирок карда, бадеҳа мехонанд. Н. Нурҷонов ду варианти матни бадеҳаро зикр мекунад². Пирамард ба зани шавҳардор арзи муҳаббат мекунад ва дар варианти аввал зан арзи ӯро қабул менамояд, дар нусхаи дуюм ӯро дашном дода, зада пеш мекунад. Варианти нисбатан мукаммали ин бадеҳа ба маҷмӯаи «Эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кӯлоб» дохил шудааст, ки мазмунан ба нусхаи дуюм наздик аст ва яке аз нусхаҳои типикӣ ба шумор меравад, зеро масхара кардани рафтори пирамарде, ки ба наберааш барин духтари наврас арзи ишқ мекунад ва дар симои ӯ танқид намудани урфу одатҳое, ки ба рӯӣ додани ин хел ҳодисаҳои нохуш мусоидат мекарданд, асли мақсади сурудҳои ҳазломез ва ҳаҷвии халқ қарор гирифтааст. Духтар аз нахуст ба мӯйсафед суханони талх гуфта, ӯро аз назди худ меронад:

Бобо: Эй моҳи парипайкар,
Ишқат ба дилам ханҷар.
Ту ёр бошӣ, ман чокар,
Эй хубрӯи зебое!

Духтар: Ҳайф аст ба ту бобо,
Гуфтӣ сухани беҷо.
Гум шаву бирав, бообо,
Эй бобои расвое!

Аз рӯи ин нусхаи бадеҳа, дар натиҷаи шилкинӣ ва якравӣ аз духтари ҷавон шарм накарда, бӯса талабидани пирамард ва бо истеҳзову тамасхур ҷавоб гуфтанҳои духтар манзараи хандаоваре ба амал омада, дар натиҷа шеър басо дилчасп ва марғуб шудааст. Вале нусхаи аввали бадеҳа, ки Н. Нурҷонов зикр кардааст, мазмунан суст ва ноқис аст, зеро ба туфайли арзи пирамардро қабул кардани ҷавонзан ҳазлу мазоҳи хоси ин гурӯҳ бадеҳаҳои халқӣ барҳам хӯрдааст.

Ба ҳақиқат мувофиқат кардани ин ақидаро боз як факти муҳими дигар собит мекунад. Чӣ навъе ки аз нусхаи дар журналы «Шарқи сурх» нашркардаи марҳум М. Холов маълум мешавад, кадом як шоири маҳаллӣ аз бадеҳаи халқӣ илҳом гирифта, дар ин мавзӯъ қиссае тартиб додааст³. Духтаре дар шоирӣ шуҳрат пайдо карда, эълон мекунад, ки каси дар шоирӣ аз ӯ забардасттарро шавҳар интихоб хоҳад кард. Ҷавони шоиртабиате ба назди духтар омада, дар шеъргӯӣ мағлуб шуда, ба ватанаш бармегардад ва баъди ин як шоири мӯйсафед ба пеши духтар меояд. Мӯйсафеду духтар мушоира мекунанд.

¹ Н. Нурджанов. Таджикский народный театр, стр. 92.
² Ниг.: ҳамон асар, саҳ. 206—207.
³ Бадеҳаи «Бобо-пирак». Ба чоп тайёркунанда М. Холов. журн. «Шарқи сурх», 1963, № 10, саҳ. 84—88.

пешина
аз 295
навбатӣ