Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

падараш либосу пойафзол хостани худ ва сазовори зару зевар будани гӯшу дасту ангуштонашро рақскунон бо таманнову нозу ишва намоиш медиҳад. Дар бадеҳа ҳар сухан ҷилваи ҳаракати пайкар, нигоҳ ва дасту пою бозувонро тақозо мекунад:
Падар: Куҷо меравӣ, бибиҷон?
Куҷо меравӣ, бибиҷон?
Духтар: Бозор меравам, отаҷон, Бозор меравам, хой, хой.
(Духтар тарзи бозорравиро рақскунон намоиш медиҳад) Падар: Чӣҳо мехарӣ, бибиҷон?
Чӣҳо мехарӣ, бибиҷон?
Духтар: Рӯмол мехарам, отаҷон, Барои сарам, хой-хой.
(Духтар чӣ хел ба сар бастани рӯмолро нишон медиҳад) Падар: Чӣ тар, чӣ тар, мендозӣ?
Чӣ тар, чӣ тар мегардӣ?
Духтар: Итар, итар мендозам, Итар, итар мегардам...

Бадеҳаи мазкурро дар гузашта ду мӯйсафед, яке ба сар рӯмол партофта роли духтарро ва дигаре роли падарро иҷро мекардаанд. Иҷрокунандаи роли духтар ҳар як чизи мефармудагиашро бо ишора, имо ва ҳаракатҳои дасту сару абрӯ нишон дода, рақс мекардааст ва ба назари тамошобин як саҳнаи шавқовар ба ҷилва меомадааст. Барои иҷрои ин бадеҳа ҳар ду мӯйсафедро ба тӯйҳои қишлоқҳои атрофи диёрашон хабар мекарданд1.

Иҷрои ҳунармандонаи ҳар як бадеҳа ба саҳнаи дилчаспу шӯрангез табдил мешавад.2 Ба ин сабаб аз рӯзҳои аввали ба вуҷуд омадани театр дар Тоҷикистон бадеҳахонӣ яке аз шавқовартарин номераҳои концертҳои артисти тоҷик қарор гирифт.

Оид ба пайдоиши бадеҳа. Н. Маъсумӣ қайд мекунад, ки бадеҳа «ҳамчун шакли адабии махсус дар адабиёти халқ аз қадимтарин замонҳо то ин вақт мавҷурият дорад».3 Аз рӯи баъзе фактҳо чунин ба назар мерасад, ки ин фикр умуман аз ҳақиқат дур нест. Бадеҳаро, чунон ки гуфта шуд, бояд ду кас: зан ва мард иҷро кунад, яъне бадеҳагӯӣ дар замонҳое расм шудааст, ки занон ҳанӯз ҳуқуқҳои худро аз даст надода буданд ва барои ба маъракаҳои мардон ширкат карданашон мамонияти ҷиддӣ ба миён намеомад.

Дини ислом занонро аз ҳамаи ҳуқуқҳо маҳрум кард ва ба

1 С. Маҳдиев. Сарсухан ба китоби «Фольклори Норак».
2 Маълумоти нахустинро дар бораи бадеҳагӯӣ мо дар романи устод С. Айнӣ «Дохунда» пайдо мекунем. Як боби махсуси роман ба тасвири ин одати аҷиб бахшида шуда, номи боб ҳам «Бадеҳагӯӣ» аст. Қаҳрамонон роман Ёдгор ва Гулнор — ду ошиқи шайдо дар кӯҳсор аз дидори якдигар хушнуд шуда, бадеҳа мехонанд ва чӯпонбачагон бо завқ тамошо мекунанд. (ниг.:
С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 2, саҳ. 132—134). Тасвири ин воқеа дар роман, албатта, мувофиқи хусусияти асари бадеӣ анҷом ёфтааст, вале бо вуҷуди ин маълумоти С. Айнӣ ҳамчун материали ҳаётӣ аз аҳамият холӣ нест.
3 Н. Маъсумӣ. Фольклори тоҷик, саҳ. 88.

130

пешина
аз 295
навбатӣ