Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
- Сумане аз ҳар ҷамане. Тартибдиҳандагон А. Назарова ва Р. Ширинова. Душанбе, 1966.
- Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон. Тартибдиҳанда Н. Шакармамадов. Душанбе, 1965.
- Таронаҳои Самарқанд. Тартибдиҳанда Б. Шермуҳаммадов. Душанбе, 1966.
- Р. Амонов. Лирикаи халқии тоҷик. Душанбе, 1968.
- Л. Бузургзода ва Р. Чалилов. Интиқоси шӯриши Восеъ дар фолклор. Сталинобод — Ленинград, 1941.
- Н. Маъсумӣ. «Шӯриши Восеъ» ва сурудҳои таърихӣ, журн. «Шарқи Сурх», 1950, № 11.
- Б. И. Искандаров. Восстание крестьянских масс Таджикистана (Восточная Бухара) под руководством Восе. Изв. отд. общ. наук. АН Тадж. ССР, № 4, 1953.
- История таджикского народа. Т. II., книга вторая, М., 1964, стр. 187-191.
- А. Маҷлисов. Каратегин накануне установления советской власти. Сталинабад, 1959.
БАДЕҲА
Хусусияти жанри бадеҳа ва тарзи иҷрои он. Бадеҳа суруди ҳазломезу шӯхест, ки аз гуфтугӯ фароҳам омада, мавзӯъҳои мансуби ҳодисаҳои қобили ҳаҷву мазоҳро дар бар мекунад ва дар иҷрои худ иштироки бештар аз як нафарро талаб намуда, ҳатман дар саҳна, дар ҳузури тамошобин бо рақсу бозӣ сароида мешавад. Ба сабаби он, ки аксарияти бадеҳаҳо дар мавзӯъҳои ишқ бо оҳанги ҳазлу шӯхӣ гуфта шудаанд, онҳоро сурудҳои ишқии ҳазломез низ номидан мумкин аст, Н. Маъсумӣ аз хусуси вазифаи ин гурӯҳ сурудҳо сухан ронда, қайд мекунад, ки «бадеҳаҳо рӯҳияи хурсандиро ба амал меоваранд, зеро аксарияти онҳо мазмунан ба ишқу муҳаббати ҷавонӣ бахшида шудаанд»1. Дар мавриди ба эътибор гирифтани тарзи иҷрои бадеҳа ин масъала ба хубӣ равшан мегардад.
Бадеҳа, одатан, аз тарафи ду кас дар маракаҳои хурсандӣ: тӯю зиёфат, яъне дар ҳузури тамошобинон, дар «саҳна» иҷро мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, яъне иҷрои бадеҳа як лавҳаи драмавист, ки манзараҳои мулоқоти дилдодагон, муносибатҳои оилавӣ, талошу моҷароҳои ишқии маиширо муҷассам менамояд. Дар иҷрои бадеҳа рақс ва ҳар гуна ҳаракатҳои шавқовару сурурангез, ишораҳои маънидор ба воситаи чашму абрӯю даст ва ҳаракати пайкар ва мусиқии шӯх ҷиҳати ҳатмӣ ба шумор меравад.
Дар гузашта, чун дар драмаҳои халқӣ, роҳ занро марди бозингари ширинкор адо менамуд. Либоси занона пӯшида, дар ҳаракат ва овоз ба занҳо тақлид намудани мардон хандаву ҳазлу шӯхиро қувват медод.
Дар яке аз бадеҳаҳои халқӣ духтаре дар ҷавоби саволҳои
1 Н. Маъсумӣ. Фольклори тоҷик, сах. 86-90.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё