Нигоҳи чашму дил

Нигоранда то кадом ҳад муҳим будани ин неругоҳро ба иқтисодиёти кишвар бо эҳсоси ифтихори ватандорӣ чунин ба қалам медиҳад: “... Роғун рамзи ваҳдат, нангу номуси миллати тоҷик, Роғун ситораи дурахшонест дар осмони орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон! Роғун имон аст, бахт аст. Роғун обу ҳаво ва нон аст. Роғун масъалаи ҳаёту мамот аст. Гӯё касе нидо зад: “Эй дил, осуда бош, як дам ист!” Эҳсосоти шадиде, ки дар ман бедор шуда буд, ба исён омад: “Чӣ зарур сабру қарор?!” Ва аз ҳар канора низ ба гӯшам мерасад: “Бирав, ки ҷои сабр нест!”.
Публитсист ва адиби соҳибистеъдод Шералӣ Мӯсо дар “Достони Роғун” ба тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштану қадр намудани ҳар қатра обу ҳар ваҷаб замини сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеаро гоҳо аз номи қаҳрамонҳо ва гоҳо аз номи худ баён мекунад. Ин шеваи кор аз он дарак медиҳад, ки ӯ дар кори эҷодӣ дар баробари таҷрибаи бою ғанӣ доштан, роҳу усулҳои хоссаи тасвиру баёнро медонад. Ба таъбири муҳаққиқ М.
Муродӣ, “Инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ, бартарӣ пайдо кардани нақши созандагиву бунёдкорӣ, тараннуми меҳнату заҳмати ҳалол боиси бештар гардидани таваҷҷуҳи аҳли қалам ба майдони кор гардид. Ин ҷиҳат ба ташаккули инсони коргар мусоидат кард, ки баъдтар ҳам дар адабиёт ва ҳам дар публитсистика маъмул шуд”.
Публитсист ва адиби соҳибмактаб Шералӣ Мӯсо дар таълифи асарҳои бадеӣ ва публитсистӣ таҷрибаи бою ғанӣ дорад. Барои муассирӣ ва ҷолибсозии асарҳояш аз санъатҳои бадеӣ, чун ташбеҳу истиора, кинояву маҷоз ва зарбулмасалу мақол моҳирона истифода менамояд. Ҳамчунин ӯ барои таъсирнок гардидани сухан аз ҳикмату андарзи бузургон ва порчаҳои шеърӣ мақсаднок истифода менамояд, ки ин гуна муносибат ба эҳсосу шуури хонанда низ таъсири бештар доранд.
Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё