Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дарвоқеъ, масъалаҳои баррасишаванда аҳаммияти зиёди иҷтимоӣ дошта, дар ҳалли онҳо нақши қаҳрамонҳои очерк арзишманд ба тасвир омадаанд. Умуман, асоси мазмуни очеркҳои ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидашудаи публитсист Б. Муртазоевро маҳз ғаюрӣ, инсондўстӣ, ватанхоҳӣ, сулҳхоҳӣ, ободгароиву меҳнатдўстӣ ва дигар хислатҳои писандидаи ҷанговарони ватандўст ташкил медиҳанд.
МАН БО ӮЯМ (БОЗТОБИ ТАҲАВВУРИ ЭМОМАЛӢ
РАҲМОН ДАР ПУБЛИТСИСТИКАИ ШЕРАЛӢ МӮСО)
Қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” аз ҷумлаи асарҳои публитсистиест, ки корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо масъулияту маҳорати баланди эҷодӣ таҷассум мекунад. Силсилаи қиссаву ҳикоя ва очеркҳои маҷмуаи “Ҷасорат”-и Шералӣ Мӯсо бешубҳа ба ҳастиву равони хонанда таъсири мусбат расонида, касро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор доштан аз арзишҳои милливу давлатдорӣ, далериву шуҷоатмандӣ, дӯст доштани миллату давлат ва баланд бардоштани мақому манзалати кишварамон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад.
Маҷмуа аз пешгуфтор, панҷ боб ва ё қисмат, бахусус “Ҷасорат”, “Қалби бузург”, “Бақои миллат”, “Пайки сабз”, “Пайвандгари марзҳо ва дилҳо” таркиб ёфтааст. Ҳар қисмати маҷмуаи мазкур ба таври амиқу дақиқ хислату ҷаҳонбинӣ, донишу хирад, матонату устуворӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ намуда, аз маҳорати баланди нигорандагии адиби публитсист Ш. Мӯсо дарак медиҳад. Зимни таълифу тасвир ва баён дар қиссаи ҳуҷҷатии “Ҷасорат” публитсисти воқеънигор санаду далелҳои зиёдеро ҷамъоварӣ, коркарду истифода намудааст, ки онҳо бозгӯи талошҳои ӯ буда, аз малакаи баланди эҷодкориаш дарак медиҳад. Дар ибтидои қисса нигоранда бо усули муколама гуфтугӯи бобову набераро роҷеъ ба фидокориҳои Пешвои миллат хеле бамавриду муассир истифода кардааст, ки он хеле ибратбахш мебошад. Чунончи:
“– Бобоҷон!
– Ҷони бобо!
– Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст?
Чашмони бобо меҳрубон ва нарму латиф гаштанду бо табассуми беандоза ширин самимона ба набера гуфт:

пешина
аз 194
навбатӣ