Нигоҳи чашму дил

Қўшунҳои мо ҳуҷуми душманро гардонида, дар мавқеи худ истодагарӣ мекарданд». Д. Ҷўраев дар симои афсарону сарбозони далери Ватан музаффариятро мушоҳида мекард, чунки онҳо дар лаҳзаҳои вазнин то охирон нафас ба муқобили душман мубориза мебурданд. Ҳамеша ба ҳамсафони худ талқин мекард, ки бояд барои озодиву ободии диёр ҷонфидоӣ намуд.
Леонид Андреев комсорги ротаро, ки дар як муҳориба қаҳрамонона ҷангида ба ҳалокат расида буд, ба хотир меовард ва ўро намунаи беҳтарини фидоиёни Ватан арзёбӣ мекард.
«Гурўҳи муқовимати Леонид Андреев ду шабу ду рўз ҳамлаи пайдарҳами фашистонро пас гардонд. Ин гурўҳ аз ҳафт нафар ҷанговар ва як пулемёт иборат буд. Ҳама қаҳрамонона ҷон нисор карданд, вале душманро гузаштан намонданд». Ҳамеша фикру ёди ватану ҳифзи он дар шуури сарбозони Иттиҳоди Шуравӣ гардиш мехўрд. Баҳри нобуд намудани душман тамоми неруву қобилияти худро содиқонаву софдилона равона мекарданд. Воқеаҳои мушкилу ғайричашмдошт дар ҳама ҷабҳаҳо рух медод ва онро Д. Ҷўраев бо дониши баланди касбии ҳарбӣ паси сар мекард. Дар шаҳри Бигдоши Полша ҳайати аскарон ба як вазъияти мураккаб рў ба рў шуданд.
Муаллиф ин ҳолатро тавре ба риштаи тасвир мегирад, ки аз ҷасорати баланди Д. Ҷўраев шаҳодат медиҳад. «Вақте ки танкҳои «Фердинанд»-и фашистон ба тарафи аскарони ҷавон ҳамлавар гаштанд, онҳо безобита шуда, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Комсорги баталиён Ҷўраев инро пайхас намуда, дарҳол хазида ба назди онҳо рафт ва ба ҳар яке мавқеи мувофиқро нишон дод. Сипас, худаш бастаи гранатаҳоро ба ҷои нишонраси яке аз танкҳо ҳаво дод. Танг оташ гирифт… Баъди даргирифтани танкҳо аскарон бо комсорги худ ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштанд. Роҳи оҳан, ки мавқеи муҳимми стратегӣ дошт, дар вақти муайян ишғол карда шуд». Монанди ин ҳодиса зимни муҳориба бо душман хатарҳои зиёд буд. Дар наздикии соҳили Одер зимни як амалиёти муштарак воқеаи вазнине дар ҳаёти ў рух дод. Адиб дар ин вазъият мавқеъ ва нақши қаҳрамони худро арзанда тасвир мекунад, чунончи: «…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё