Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳай-ҳай, нашавам дубора ҳушёр,
Дар об занам гириста хушрӯ.
Аз об маро кашида гирӣ,
То хона барӣ бадаста хушрӯ.
Дар бистари ту ба худ биёям,
Бинам, ки туӣ нишаста хушрӯ.
Ҳо, боз бигираме чӣ ширин
Аз ду бари ту дудаста хушрӯ.
Ҳе, маст шавам, яке бимирам,
Шин бар сари ман гириста хушрӯ.

Оҳ, эй сари по нишаста хушрӯ

Оҳ, эй сари по нишаста хушрӯ,
Ҳучат бикунам дудаста хушрӯ.
Рӯмоли туро худам бибандам,
Мисле ки касе набаста хушрӯ.
Якшоха бибандаме сарандоз,
Эй, шохи ту ношикаста хушрӯ.
Гар дид касе, бигӯяд: ин гул
Рӯмола чӣ гуна баста хушрӯ!
Ҳайрон шуда очаи ту гӯяд:
Рӯмоли туро кӣ баста хушрӯ?
Хандида бигӯӣ: очаи ҷон,
Як баччаи нағз баста хушрӯ.
Рӯи ту сафед гӯяд очат,
Ӯ бачча кияст, баста хушрӯ?!
Гӯӣ: накунӣ ту ҷангам, оча,
Меорамаше бадаста хушрӯ.
Оиву дигар маро наёбӣ,
Баргашта равӣ гириста хушрӯ.

Дар дасти ту ду анор хушрӯ

Дар дасти ту ду анор хушрӯ,
Ин сӯй яке биёр хушрӯ!

пешина
аз 162
навбатӣ