Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пероҳани ту чӣ хел хушрӯст,
Онро чӣ кашидаем хушрӯ.
Ҳе, бӯса аз он лабони хушрӯт
Бо замзама чидаем хушрӯ.
Чун чашми ту кард маст моро,
Ҳай-ҳай, калавидаем хушрӯ.
Аз синаи ногазидаи ту
Ангушт газидаем хушрӯ.
Ду шонаи нозанини хушрӯт
Дар хоб шакидаем хушрӯ.
Мо баччаи норасидаи шӯх,
Бо ту чӣ танидаем хушрӯ.
Мо харбузаем, гир гуфтӣ,
Оҳиста, расидаем хушрӯ.
Ҳе, харбузаро чунин ба ҷое,
Савганд, надидаем хушрӯ!

Эй, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ

Эй, дар лаби ҷӯ нишаста хушрӯ,
Мислат кӣ, бигӯ, нишаста хушрӯ?!
Дар гардани бастаи ту ҷонам,
Захме ба гулӯ нишаста хушрӯ.
Эй, банди гулӯ кушо, ки бинам
Чун гул ба гулӯ нишаста хушрӯ.
Гул баста гулӯи нозанинат,
Гул рӯи ба рӯ нишаста хушрӯ.
Эй, бар сари ошиқони сармаст
Ин гуна сабӯ нишаста хушрӯ.
Гул баста гулӯи ту зи бӯса,
Гул маст зи бӯ нишаста хушрӯ.
Як-ду паяке зи неши дандон
Дар ду бари рӯ нишаста хушрӯ!

пешина
аз 162
навбатӣ