Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Савганд ба номат, эй Худо, хӯрд,
Ҳар ду бари рӯи худ сияҳ кард.
Рӯзи дигараш бидидам, эй вой,
Нолиду ҳазор оҳу ваҳ кард.
Гуфт очаи ман бидида моро,
Зад шаб танаи маро сияҳ кард;
Гуфтам, ки ту мекушӣ маро, гуфт:
Ҳо, кушта шавад, касе гунаҳ кард.
Гуфтам, ки дигар натарс аз вай,
Дар пеши Худо худаш гунаҳ кард.
Пас даст бибурдаме ба пояш,
Дастат хунук аст гуфту наҳ кард.
Гуфтам, ки чӣ кӯтаҳ аст доман,
Болои бадаш кашиду таҳ кард.
Гуфтам таҳи доманат чӣ дорӣ?
«Паҳ» гуфту ба хандае нигаҳ кард.
Он гаҳ ба миёни ҳар ду ангушт
Ангушти дигар ниҳоду «маҳ» кард.
Эй вой, яке биёмад очаш,
Песонда маро чи бад нигаҳ кард.
Эй, дода маро ҳазор дашном,
Оби рухи ман ба рӯи раҳ кард.
Эй, дар бигирифту зад забона,
Худро, ба Худо, алови каҳ кард.
Омад падари ман аз куҷое,
Ҳе рӯзи варо шаби сияҳ кард.

Эй, рафта туро зи ёд моем

Эй, рафта туро зи ёд моем,
Бо ёди рухи ту шод моем.
Оне, ки туро ҳамеша орад
Бо байту ғазал ба ёд, моем.
Мардум ба муроди худ расиданд,
Носудаи номурод моем.

пешина
аз 162
навбатӣ