Дарахти Ватан

Раҳ дуру дарозу мо пиёда,
Мардум ҳама интизори мошин.
Дар нимаи раҳ, Худо, бимонӣ,
Эй кош, занад матори мошин.
Як мошини боркаш биёрем,
Баргашта шавӣ ту бори мошин.
Хандида туро, кунем борат
Бо мошинакат ба тори мошин!
Моро, ба Худо, ту куштаниӣ
Моро, ба Худо, ту куштаниӣ,
Эй вой, чаро ту куштаниӣ?
Мо баччаи бегуноҳи нағзем,
Моро ба хато ту куштаниӣ.
Оварда ба нозу ишва моро,
Дар доми бало ту куштаниӣ.
Бо бӯса ту маст карда моро,
Рӯи ту сиё, ту куштаниӣ.
Гуфтӣ ҷигарат бирезад, эй вой,
Моро ба дуо ту куштаниӣ.
Овехта дар каманди мушкин,
Моро ба ҳаво ту куштаниӣ.
Рухсораи ту алови нон аст,
Моро чи бало ту куштаниӣ.
Дар себу анори ту бимирам,
Моро ба чиҳо ту куштаниӣ.
Бин, харбузаро чӣ гуна куштам,
Моро сари по ту куштаниӣ.
Мурдем дар он ду чашми мастат,
Ду маст гуво, ту куштаниӣ.
Гуфтӣ, ки биё, биё зи пуштам,
Моро ба куҷо ту куштаниӣ?!
Моро, ки Худо нахост куштан,
Бераҳм, чаро ту куштаниӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё