Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо мардуми хунинҷигар, эй дӯст,
Во, Акбари бегона набудӣ.
Мӯре ту наёзурдаӣ, эй дӯст,
Бе ҳиммати мардона набудӣ.
Эй Акбари ҷон, будӣ ягона,
Мисли ту яке дона набудӣ.
Як хона гирифтӣ ба ҳавасҳо,
Осуда дар он хона набудӣ.
Ҷон будию ҷон, ҷӯраи ширин,
Хушбахт зи ҷонона набудӣ.
Ду баччаи хушрӯта надидӣ,
Чун боз ту девона набудӣ?!
Бо ин ҳама дардат, ҳама доғат
Бо ханда чӣ бегона набудӣ?!
Рафтам ба дарат рӯзи сиёҳе,
Ҳуш дар сари девона набудӣ.
Фарёду фиғон, вою дареғо,
Дар баставу дар хона набудӣ!

Ба ҳунарманди тавоно
Барзуи Абдураззоқ

Пушти номи ту сухан бисёр аст,
Чашм кам, чоки даҳан бисёр аст.
Мор бисёру чунон дар дили мор
Ҳаваси неш задан бисёр аст.
Боғу роғ ин ҳама расво гашта,
Селаи зоғу заған бисёр аст.
Чарад уштур ба чаман ғамзакунон,
Ҳамчунон хар ба чаман бисёр аст.
Чӣ бало фанду фиреб асту дурӯғ,
Кафзанон «Қанд бизан!» бисёр аст!
Ҳар кӣ савганд хӯрад, фанд кунад,
Бин, ки савгандшикан бисёр аст.
Дам назан, ҷӯра, аз ин маймунҳо,
Буз ба ҳар ҷойи Ватан бисёр аст.

пешина
аз 162
навбатӣ