Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ки кардаст сиёҳат ба қалам,
Он ки бастаст гуноҳат ба қалам,
Он ки дар чашми қалам хок задаст,
Ба қалам синаи ту чок задаст.

Ҳама доғӣ, ҳама дардӣ, ҳама ғам,
Пора дил, пора ҷигар, дида банам.
Синаи чоки туро марҳам нест,
Он ки хуни ту макид, одам нест.

Гар наёӣ ту барои ҳама дӯст,
Ту биё, мурда бубин он, ки дурӯст.
Ту биё, то сари бадбин фиканӣ,
Ту биё, то пари бадкин биканӣ.

Шери нар, шери жаёни баҳунар,
Рӯбаҳонро ҳама дар беша нигар!
Наъра мастона бизан, бигрезанд,
Хешро дар думи хеш овезанд!

Ту яке баҳри дамонӣ, ба Худо,
Ту ба сад баҳр намонӣ, ба Худо!
Ҳама мурдоб зи ту рашк барад,
Хешро ин ҳама аз рашк хӯрад.

Сӯи ту баста раҳи мо бошад,
Баста дар дил гираҳи мо бошад.
Ту кушоӣ гираҳи сахт, эй дӯст,
Ту кушоӣ гираҳи бахт, эй дӯст.

Ин саҳар хез, биё сӯи Ватан,
Хез, бархез, биё сӯи Ватан!.
Хез, бархез, биё, дер шудаст,
Сина аз ғам, ба Худо, сер шудаст.

пешина
аз 162
навбатӣ