Дарахти Ватан

Дидӣ ҳазор поро,
Дидӣ ҳазорпоро!
Ду почаро надидӣ!
Ду по чаро надидӣ?!
Дар пост чашми мое,
Дарёст чашми мое.
Дарёи чашм дар пост,
Ду по ду шоха дарёст.
Хушрӯст рахти пояш,
Хушрӯ дарахти пояш.
Дар об руста хушрӯ,
Дар об шуста хушрӯ.
Хушрӯ дарахт руста,
Хушрӯ дарахт шуста!
Хушрӯ дарахтрӯӣ,
Хушрӯ дарахтшӯӣ!
Хушрӯ ду рахти дар об,
Хушрӯ дарахти дар об.
Обу ду рахти хушрӯ,
Обу дарахти хушрӯ.
Печидае ду рахташ
Ҳай дар тани дарахташ.
Печонда ё ду рахташ
Вай дар тани дарахташ?
Хушрӯст рахтпечӣ,
Хушрӯ дарахтпечӣ.
Часпида сахт рахташ
Ҳай дар тани дарахташ.
Ин сӯ кашем рахташ,
Он сӯ кашем рахташ.
Гар ногаҳон дарад, чӣ?
Ранги даҳон дарад, чӣ?!
Ҳай рахт бар дарахт аст,
Ҳай бар дарахт рахт аст.
Печида тар чӣ сахт аст,
Печидатар чӣ сахт аст.
Хушрӯ кашем рахташ,
Ҳай дар тани дарахташ.
Моро кашад чу рахташ
Вай дар тани дарахташ.
Ҳай мо кашем хушрӯ,
Худро кушем хушрӯ.
Хушрӯйтар кашад вай,
Хушрӯйтар кушад вай.
Дар об тар ду рахташ,
Дар об тар дарахташ.
Хушрӯй тар ду рахт аст,
Хушрӯй дар дарахт аст.
Хушрӯ дарахту рахташ,
Бин рахту бин дарахташ!
Хушрӯ чу тардарахт аст,
Рахте, ки бар дарахт аст.
Рахту дарахти тар бин,
Як рах паи табар бин!
Боғи ҳамешабар бин,
Эй, кам намеша бар, бин!
Ҳай сахт каш бари рахт,
Вай гаштае тари сахт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё