Муҳаққиқи соҳибмактаб

«Методи таҳлили асари бадеӣ», – қайд кардааст шогирди устод А.Раҳмонов, – барои мактаби нақди Соҳиб Табаров методологияи муайяни илмӣ, адабиву эстетикӣ, имконоти падид овардани методи таҳлили асари бадеӣ ва меъёри баҳодиҳиро ба эҷоди бадеӣ ба вуҷуд овард, ки мунаққидони оянда онро сармашқи эҷодиёти худ мегардонанд»(37, 6).
Дар ин давра фаъолияти адабиётшиносии устод Табаров низ зиёда густариш меёбад ва асарҳои олим «Садриддини Айнӣ- асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Садриддин Айнӣ- сарояндаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1958) «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Образи В.И.Ленин дар назми советии тоҷик» (1961) «Васфи Октябр дар назми тоҷик» (1968), «Симои ҷовидони пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986)… пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми ин асарҳо хоҳ ба эҷодиёти адибони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақикӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд. Масалан, дар китобчаи «Садриддин Айни – основоположник таджикский советской литературы», ки соли 1968 нашриёти «Дониш»-и Маскав ба табъ расонидааст, муаллиф басо мухтасар, вале зиёда амиқу дақиқ фаъолияти илмӣ ва эҷодии устод Айниро манзури хонандаи рус менамояд. Хонандаи огоҳдил аз ин дастури мухтасар оид ба фаъолияти қариб 60-солаи устод Айнӣ ва асарҳои бадеӣ, публитсистӣ ва илмии ин шахсияти барҷаста маълумот гирифта, ҳиссаи бебаҳои ӯро чун асосгузори адабиёти нави тоҷик дар инкишофи илму фарҳанги тоҷик баръало эҳсос мекунад.
Албатта, чун «Васфи Октябр дар назми тоҷик» ва «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» баъзе асарҳои устод Табаров, ки мувофиқи талаботи сиёсии даврони шӯравӣ таълиф гардидаанд, дар замони ҳозира камарзиш шудаанд, ки ин ҳолатро худи муҳаққиқ ҳам эътироф кардааст: «Лекин бо мурури гузашти замон баъзе аз осорам камаҳамият шудаанд, ба монанди он дарахте, ки пир мешавад ва баъзе шохаву навдаҳояш хушк мешаванд» (71, 79).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё