Муҳаққиқи соҳибмактаб

Устод Табаров бо он самимият ва садоқате, ки ба муаллимони худ ва шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон дорад, ҳар лаҳза ба ҳимояи онҳо бархеста ҳақиқату адолатро рӯи об бароварданӣ мешавад. Соли 1965 эшон ба раиси Комиссияи аттестатсионии умумииттифоқӣ Вячеслав Петрович Элютин номаи муфассали асоснок ирсол намуда, масъалаи ба олими олимони Тоҷикистон Шарифҷон Ҳусейнзода додани унвони профессориро ба миён мегузорад. Ва феврали соли 1966 ВАК хизматҳои илмӣ ва омӯзгории домулло Ҳусейнзодаро ба назар гирифта, ӯро бо унвони профессорӣ шарафманд мегардонад. С.Табаров барои ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардидани ин устоди азизаш низ кӯшиш кардааст. Чунин мисолҳо бисёранд ва аз онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки меъёри зиндагии устод Табаров талош баҳри ҳақиқат, адолат ва маърифати халқи азизаш мебошад.
V
Саъдии бузургвор фармудааст:
Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат
Ки ёри мувофиқ бувад дар барат.
Ва хушбахтии бениҳояти устод Табаров низ дар он аст, ки
Худо ба ӯ ҳамсари басо бовафову соҳибфарҳангро лоиқ донист. Соли 1942 ҳангоми муҳосираи Ленинград (Санкт - Петербурги ҳозира) се донишҷӯдухтари гурӯҳи тоҷикии факултети шарқшиносии Унверистети давлатии Ленинград – Ванда Витолдовна, Сара Казакевич ва Люба Корнилова ба факултети адабиёти Институти давлатии омӯзгории шаҳри
Душанбе интиқол дода мешаванд ва ин ҷо аз моҳи ноябри соли 1942 таҳти роҳбарии шарқшинос ва тоҷикшиноси машҳури рус профессор И.И. Зарубин таҳсилро идома дода, соли 1944 соҳиби маълумоти олӣ мегарданд.
Соҳибназар бо донишҷӯдухтарони аз Ленинград омада ҳамроҳ мехонад ва ҳангоми имтиҳону санҷишҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад ва, табиист, ки таваҷҷуҳи духтарон ба ин тоҷикписари донишманду хайрхоҳ (Соҳибназар стипендияи Сталинӣ мегирифт) рӯз ба рӯз меафзуд, вале Соҳибназар аз байни онҳо басо оқилона Ванда Витолдовнаи меҳрубону ботамкинро интихоб мекунад ва, баъди хатми институт, баҳори 1945 ин ду мутахассиси ҷавон хонадор мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё