Муҳаққиқи соҳибмактаб

Онҳо ҳам дониши хуб доштанд ва ҳам мо ятимонро аъло тарбия мекарданд.
Ман ҳам мисли дигарон, хусусан аълохонони комил чун Акрам Сафари хавзагӣ (муҳофизи Брест ва дар он ҷой ҳалокшуда), Амон Бобо, Иброҳим Саидови ҳамкурсамон аъло мехондам. Ман барои худам режими корӣ доштам ва корамро доимо аз рӯи режими кориам пеш мебурдам. Аввалан, диққатамро ба хондану тайёр кардани дарсҳои ҳаррӯзаам ҷалб намуда будам.
Дувум, ба корхои ҷамъиятӣ, пионерӣ (пионервожатӣ) ва корҳои дигари зарурии Омӯзишгоҳ ёрӣ мерасонидам. Аз ҷумла, ба газетаи девории «Машъали пионер» доимо хабар менавиштам, ки то охири соли 1937 маро аввал аъзо ва баъд муҳарири он таъин намуданд. Муаллимамон Ятимов аз оғози соли нави таҳсили 1937-38 ба кори маҳфили адабиёт шурӯъ намуда, онро «Кружоки адабиву бадеӣ» номгузорӣ кард. Ӯ дар назди ин кружок маҷаллаи ҳар семоҳаи «Ғунчаи наврас»
таъсис доду аз байни аъзоёни кружок маро ҷонишинаш таъин кард. Мо то соли 1938 чор шумораи «Ғунчаи наврас»- ро баровардем. Баъдҳо ҳар чор шумораи онро Р.М.Костюкова ба ман тақдим карда буд. Се нусхаи он дар солҳои ҷанг ё дар хонаи акаам, ё дар хонаи донишҷӯи Институти занона Фароғат Орифова гум шуданду шумораи чорумаш ҳоло дар «Ганҷинаи нақди адабӣ»-ам маҳфуз аст. Ман дар рӯҳияи «Одина» ҳикояе аз тақдири талхи ятимбачагони дуобиам навишта, дар шумораи № 1–и он маҷалла ҷой дода будам. Дар № 4 ҳикояи «Майрамой»-ам чоп шуда буд. Ҳамин тавр ман дар Омӯзишгоҳ бо тамоми рӯҳу ҷонам мехондаму кор мекардам, ҳатто як соати бекориамро ҳам намедонам. Баъзан шабҳо кор мекардам. Ин буд, ки то имрӯз ҳалол зиндагӣ кардам.
Дар соли 1938 ҷуръат карда бо ҷӯраҳоям Маҷид Қосимов ва Зарифов ба рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва ҳатто «Комсомоли Тоҷикистон» хабарчаҳо фиристодем. Танҳо дар рӯзномаи якум баъзеҳояшон рӯи чопро диданд ва ҳатто 1 – 2 сӯм ҳаққи қалам ҳам доданд. Барои меҳнатамон якумин бор «оши ҳалоли» шӯроиро барои 2-3 хабарчаам дидам, ки ин чиз маро боз ҳам рӯҳбаланд ва далер кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё