Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ӯ бо лаҳни ниҳоят падарона қабулам кард ва пас аз фаҳмидани дар Самарқанд ду сол дар курсҳои тайёрии Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикистонии ба номи Молотов хонданам ин шахси шариф ва меҳрубони самарқандӣ бо шодмонӣ маро ба асоси (курси) дувум қабул кард ва ба котибааш фармон дод, ки дар хобгоҳ ҷоям диҳанд.
Ҳамин навъ ман аз якуми сентябри соли 1937 бо гирифтани стипендияву ҷои хоб, хӯроку таоми умумии бепул студенти курси дувуми Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб гардидам.
ТАҲСИЛАМ ДАР ОМӮЗИШГОҲ
Агар таҳсили мо ятимбачагони солҳои 1932 – 1934 дар зери шиканҷаи Забироваи момандиёнии афғон ва «муаллимони» порсиён ва ҳазора дӯзахро мемонд, таҳсили мо - тоҷикистониёну фалғариҳо дар Самарқанду Панҷакент бо тавассути Мирзоеви директорамон дар Самарканд ва махсусан муаллимонамон Т. Зеҳнӣ, Ҳ. Бақозода, Саломзода (Самарқанд), Шарифзода (Панҷакент) аз биҳишт фарқ надошт. Ман аз моҳҳои аввали соли таҳсиламон ҳамин вазъиятро дар Кӯлоб дар симои муаллимонамон Аҳмад Раҳимзодаи бухороӣ (мудири илмӣ ва муаллими психология), Мухтор Улуғзодаи чустӣ (додари нависандаи бузург Сотим Улуғзода, муаллими таърих, ки дар ҷанг ҳалок шуд), Ятимови файзободӣ (муаллими забон ва адабиёт, дар ҷанг ҳалок шуд), Мақсуд Шукуров (муаллими ҷуғрофия, аз муҳориба зинда баргашт), Ғулом Ҷаббории бухороӣ (физика, аз муҳориба бе як даст баргашт, декани физмати пединститути Сталинобод), Аминови самарқандӣ (биология, дар ҷанг ҳалок шуд), Раиса Михайловна Костюкова (забони русӣ, Муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон) ва шавҳараш майор Бадёр (расмкаш, дар ҷанг ҳалок шуд), Хаёлови шуғнонӣ (психология, бештар педагогика) эҳсос намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё