Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ман то рӯзи рафтани акаам ба Муъминобод дар августи 1936 дар зери нигоҳубини (опекунии) ӯ будам. Баъд аз рафтани вай гурӯҳи мо бе атаман монд. Аз ман калонсолтар дар он гурӯҳ Ашӯр Ҳалимов (муҳарири «Тоҷикистони Советӣ»), Искандар Собир (майори бехатарӣ), Гадоӣ Қурбонов (судяи Кангурт), Хол Ширин (ронанда, падарандари ҳамсари Ҳошим Гадоев – Сафаралиева) ва баъзе дигарон боқӣ монда буданд, ки ҳеҷ гуна қувват надоштанд.
Аз байни мо ҳалимтарин, ҳушёртарин ва боадабтаринамон Ашӯр Ҳалимов буд. Акаам пеш аз рафтанаш ба Муъминобод ва гурехтанаш аз он духтари дӯстдораш ҳамаи гапро ба Ашӯр Ҳалим гуфта будааст ва аз ӯ хоҳиш карда будааст, ки нигоҳубини (опекунии) маро ба зимаи худ гирад ва аз ҳар гуна рафтори нораво раҳоям намояд.
Ҳангоме ки ман худамро «мустақил» эҳсос кардам, дучори васвасаҳои кадом аз яке «ҷӯраҳо»-ям шудам. Ӯ пулдор буданамро фаҳмида, бо пулам як шиша шароби панҷакентӣ харидем ва секаса нӯшидем. Якумин бор нӯшиданам, гуруснагиам, гармӣ, харобиам маро чунон маст кунонда буданд, ки дар назарам осмон ба замин омада часпида буд. Ман худамро бо азобе ба рӯи катам партофтаму масти хоб шудам.
Чанд гоҳе пас Ашӯр омада маро дар хоб дида аз ҳозирон сабаби онро пурсида, посух шунидааст, ки ман мастам. Ӯ ҳарчанд маро бедор кардааст, ба ҳуш наомадаам. Вақте андаке ба ҳуш омадам, Ашӯр Ҳалимов бо лаҳни ҳалимона, ғамхорона ва пасти бетундиву дағалонааш маро гуфт: «Мирзоназар туро ба ман супорида буд, ки ба хонданат нигоҳ кунам, то ботартибу боадаб бошӣ. Акнун ман ба ӯ чӣ нависам, чӣ гӯям…» ва чунон худашро маъюсу ғамгин кард, ки хаёл кардам барои ман мегиряд ва гӯё гунаҳкор ман нею ӯ бошад.
Ин суханону рафтори ӯ нисбат ба шаллоқу торсакии соли 1935-уми акаам сертаъсиртару аламноктар буданд. Ман ба Ашӯр қавл додам, ки дигар ҳеҷ вақт арақ намехӯрам.
Ман то охири умрам худи арақро ҳеҷ гоҳ нанӯшидаам, дар тӯйҳо, базмҳо, ҷашнҳо ба доштани «Победа», «Волга», «Жигулӣ» -ам аз солҳои 50–80-ми асри 20 баҳона карда, қатрае шароб наменӯшидам; агар дар ҷойҳои расмӣ бе мошинаам мерафтам, 50-100 грамм коняки арманӣ ё гурҷӣ ва ё молдавиро қатра–қатра то охири маърака нӯши ҷон менамудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё