Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧӢ ТАВР АЗ ОДАТҲОИ
БАД ДАСТ КАШИДАМ?

Чунонки дар бобҳои боло борҳо навиштам, акаам Мирзоназар атамани яке аз гурӯҳҳои бачагони хонаи бачагон дар Тебалай ва Самарқанд буд ва он гурӯҳ гапҳои ӯро бо пуррагӣ гӯш мекарданд. Вале ӯ дар баробари бештар хислату одатҳои хубу судбахш доштанаш баъзе одати бад ҳам дошт. Худаш баъзан носу тамоку ва папирос мекашид.
Ҳатто шароб ҳам менӯшид, доим бо худ корд ҳам мегирифт.
Вале маро доимо таъкид мекард, ки ҳеҷ вақт ин корҳои нохубро накунам. «Агар ту ин корҳоро бикунӣ, ман ба ту ҷазои сахттаринро медиҳам» мегуфт. Вале дар соли 1935 бо василаи «ҷӯраҳои» беадабам аз акаам доимо 5-10 тинӣ мегирифтам ва бо фиреби «қандалоти чақ–чақи дандон», обаки дандон, набот, мармалод мехарам» гуфта, баъзан якдонагӣ папирос мехаридем ва бо навбат мо ду – се нафар «ҷӯраҳо» он як дона папиросро мекашидем (мечокидем). Баъди он ки рӯзе аз он рӯзҳо гапи ман бо яке аз он «ҷӯраҳоям» гурехт, он «ҷӯра» маро ба акаам Мирзоназар фурӯхт. Ӯ ба акаам гуфт, ки: «Соҳиб папирос мекашад».
Баъд аз шунидани ин хабар маро ба наздаш ҷеғ зада хоҳиши қаҳромезона кард, ки дар наздаш пуф кунам. Ӯ ин хоҳишашро тадриҷан бо фармон ва сонӣ ба амр мубаддал сохт.
Ҳангоме ки акаам аз даҳонам бӯи папиросро ҳис намуд, бурдаву оварда ба ду тарафи рӯйҳоям 3-4 шапотии обдори ниҳоят сахте фаровард, ки ҳоло ҳам дардашро ҳис мекунам. Ман чӣ қадар қасами пасту баланд ва ҳарому ҳалоли тоҷикиамонро хӯрдам, ки зинҳор ба зинҳор чунин кори ношоямро дар давоми тамоми умрам дигар такрор намекунам.
Ҳамин тавр ман то ба имрӯз тамоман ягон бор нос, тамоку, папирос, сигарет накашидаам ва ҳатто акаам низ ҳақ надошту надорад, ки дар наздам ин корро ба ҷо орад. Ин аввалин ва охирин амали ношоями ман нисбати сигору нос буд.
Дигар, чӣ тавр аз одати бади дувуми умумиинсониам раҳоӣ ёфтанам чунин буд.

пешина
аз 148
навбатӣ