Муҳаққиқи соҳибмактаб

Маро бо ворид шуданам ба хонаи тағои Хоркаш Эмомам он ҷо будагон ба оғӯш гирифтанд. Байнашон янгаи азизам (зани тағоям), ки тамоми умрамон ману акаам (раҳмати Худо бар онҳо) аз ӯ миннатдорем, ба оғӯш гирифта, сару рӯямро бӯса карда, гирякунон, он Хосиятмоҳи дӯстдорам, мегуфт. «Худоё, Соҳибназарамон чӣ қадар бузбала ва зебою дилрабо шудаааст. Эй дареғ, агар худораҳматии Тавар зинда мебуд, чӣ қадар барои ин фарзанди дилбанду азизаш хурсанд мешуд».
Баъди шунидани ин хабари шум аъзои баданам ба ларза омаду қариб буд аз ҳуш мерафтам ва якбора зиндагӣ бароям талх шуд ва тамоми умедам канда шуд ва баъди гиряи зиёди ҷигарсӯз фаҳмидам, ки падари ормониам ҷони ширин ба Холиқи Ҳақ супоридааст ва дар соли охири қаҳтии шадиди 1933 бо баробари хабаргирии ману акаам дар детдом дигар аз Эмомалӣ ба Чорраҳа барнагаштааст.
Вақте ки аз забони акаам дар ҳамон солҳо ба Эмомалӣ рафтани падарамонро шунида будам, дар солҳои 50 – 70-ми асри 20 ба ҷустуҷӯи ин деҳа оғоз намудам. Шавҳари ҷияни калонам, муаллимаи маркази ноҳияи Восеъ Ниҳолбӣ Табарова, директори ПТУ буд. Ману фариштааму (Ванда Витолдовна Яблонская) фарзандону наберагонам гоҳ – гоҳ ба аёдати онҳо мерафтем.
Дар яке аз чунин сафарҳоям ба Восеъ ба аёдати шоири ҷавони оташинсухан, ки барои озодсуханиаш аз кор дар редаксияи рӯзномаи «Ҷавонон» бо амри котибони КМ Комсомоли Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Ибодулло Файзуллоев ронда шуда, ба ноҳияи Восеъ бадарға гардида, дар вазифаи ходими одитарини рӯзномаи ноҳиявӣ кор мекарду бо ҳамсари содиқи муаллимааш нимгуруснаву камбағалона (мисли ин рӯзҳои ман) зиндагӣ мекард, рафтам. Ман ӯро ниммаст дар байни анбӯҳи қоғазҳо, чун кӯдаки навзоди гуруснаву урён, дарёфтам. Ман аз рӯи одати гандаи муаллимиам дақиқае чанд ба ӯ насиҳати муаллимона кардам ва баъд аз қариб пурра ҳушёр шуданаш мақсади ҷустуҷӯи Эмомалиамро ба ӯ гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё