Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар солҳои инқилоби маданӣ худи аксари мутлақи муаллимони РСС Тоҷикистон саводи казоӣ надоштанд. Бинобар ин қариб ҳамаи онҳо таътили тобистонаашонро дар вилоятҳои худашон (Сталинобод, Ленинобод, Кӯлоб, Ғарм ва ВМБ) мегузарониданд. Ман аз таъкиди акаам медонистам, ки ӯ дар байни он анбӯҳи муаллимон дар Кӯлоб аст.
Баъд аз ҷустуҷӯи зиёд ӯро ёфтам. Якдигарро ба оғӯш гирифта мегиристем, фиғон мекашидем, ҳатто мардумони атрофамонро ба гиря даровардем. Хурсандиамон ҳадду канор надошт, аз аҳволи падару хешу табор пурсидам, хубанд гуфт.
Пас, акаам (нур дар гӯраш) ба бозор рафта, аз байни ин бозоракиҳои дуобии мо ду нафарро, ки як нафараш ҳамон Сафари Сиговаи шиносамон буд, ёфта маро сарбории онҳо кунонида ба Чорраҳа равон кард. Акаам дар бораи фавти қиблагоҳамон боз хомӯш монд.
Ман бо ин ду дуобӣ баъд аз хунук шудани бозори Кӯлоб пои пиёда ба роҳи Дуоб баромадем. То расидан ба Даҳана шом шуд. Он дуобиҳо бо усто Азизи оҳангари машҳури он маҳалҳо ошно будаанд, ки озодона ба ҳавливу боғи ӯ даромаданд. Фасли тобистони қароғ (офтоб ниҳоят тафсон) буд.
Усто Азиз моро дар кати устокорона ва нақшунигорноки зебои худаш сохта шинонда, бо обу таоми лазизи шом меҳмондорӣ намуда, ба ҳавлиаш рафт. (Усто Азизро писаре бо номи Абдулвайс Азизови шогирдам ҳаст, ки нависандаи маъруф ва муҳаррири чандин рисолаам ва дар оянда ҳамсафарам ба Дуоб буд. Ташаккур ба усто Азиз, ки Абдулвайси азиз ворӣ писарро ба олам додааст.) Ҳамин тавр, мо, бо ин дуобиҳоямон андаке суҳбат ва истироҳат кардем. Ҳангоми хурӯсфарёд мо ҳам аз хоб хеста, дар новадони боғ шустушӯй намуда, роҳи Дараи Даҳанаро пеш гирифтем. То офтоббаромад Хӯҷаи Нурро убур карда, дар пурра кушода шудани чашми рӯз деҳаи Сарсибулоқро тай ҳам намудем. Бо расиданамон ба Муъиминобод дар чойхонае таҳтул карда, пас ба сӯи Дуоби Миёна равона гардидем ва аз Хами Бушол ва Зуфак ман сӯи Чорраҳа қадам гузоштаму дар вақти говгум вориди хонаи тағои Хоркашамон шудам.

пешина
аз 148
навбатӣ