Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фикр аз талхии ҷон кандани худ кай бикунад,
Дар дами додани ҷон рӯи ӯ бенур шавад.
Хуб мешуд зи ҷаҳон зудтар ӯ даргузарад,
Ҷовидон манзили ӯ ба тангии гӯр шавад.

БА ҲОФИЗИ КӮЛОБӢ

Мутрибе чун булбули байни чаман,
Ҳофизе чун шоири олисухан,
Солҳо дар хизмати халқу ватан,
Дӯстон, Ҷамшеду Исмоил бувад.

Он ҷавоне байни ҳофизони мо,
Мазза бахшад байти ӯ бар ҷони мо,
Беҳтарин як ҳофизи хушхони мо,
Дӯстон,Ҷамшед Исмоил бувад.

Он ки аз Кӯлоб пайдо гаштааст,
Ҳамдами мардумони доно гаштааст.
Меҳри ӯ дар синаҳо ҷо гаштааст,
Дӯстон, Ҷамшед Исмоил бувад.

Чеҳраи рӯе чу гул дар ханда аст,
Чун шаҳи нав саҳнаро зебанда аст.
Ҳар чи таърифаш кунам, арзанда аст,
Дустон, Ҷамшеду Исмоил бувад.

БУВАД ҶАМШЕД ИСМОИЛ

Ба рӯи саҳна зебанда,
Чу булбул як навозанда,
Ба таърифи ман арзанда,
Бувад Ҷамшед Исмоил.

Ба чандин шоирон ҳамроз.
Миёни ҳофизон мумтоз,
Ҷавони андалебовоз
Бувад Ҷамшед Исмоил!

пешина
аз 119
навбатӣ