Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Масҷидро баландиву
Ҳам пастиҳояшро нигар,
Дар он иморат аз Амон
Гулдастиҳояшро нигар.

Бар вай падар Ҳабибулло,
Фақиру одамзодааст.
Аз дилу ҷон бар ин писар
Падар дуояш додааст.

Кори савоб андар ҷаҳон
Баҳри қиёмат кардааст,

Сарфи ҳунар дар масҷидон
Аз баҳри тоат кардааст.

Шоҳид ба ранҷу заҳмати
Деворҳову ҳар дар аст,
Кори савобаш баркашӣ,
Андар тарозу бебар аст.

Қурбоналӣ бо дидаҳо
Сад теппаву хам дидааст,
Мисли ҳамин усто Амон
Бисёр ҳам кам дидааст.

ДАР ЯК ҚАТОРА

Надя шавҳар надорад,
Хонаву дар надорад.
Ғайри пули маҳона
Моле дигар надорад.

Дар як қатора тоқа,
Ҷои кораш алоқа.
Магӯ касе, ки Надя
Илму ҳунар надорад.
Бошад маҳонааш кам,
Аммо намехӯрад ғам.
Чун як ҷаҳонпарасте
Парвои зар надорад.

Хизматгоре ба мардум,
Чун майсаҳои гандум.
Дар ноҳия чу Надя
Касе дигар надорад.

Бар вай Барис падар буд,
Як марди боҳунар буд.
Аз ҷабри марги ҷонгир
Акнун падар надорад.

Қурбоналӣ ба кораш
Бидҳад чу эътибораш,
Ҳаргиз магӯ зи ранҷаш
Шоир хабар надорад.

ГУФТОРИ МАЙЗАДА

Нӯш кардам чун туро, кайфу сафо кардам арақ,
Ишқи ту сар то ба по дар сина ҷо кардам арақ.
Чун шағоле маст гардидам, садо кардам арақ,
Чанд пуле доштам дар бар, адо кардам арақ.

Ёр гардида ба ман ту балки гаштӣ раҳбалад,
Маст гашта, қад ба қад кардем бо Абдусамад.
Гаҳ ба ҳар як раҳгузар гуфтем ҳарфи тунду бад,
Ганда номам дар миёни гандаҳо кардӣ арақ.

Эй сабил монӣ, туро ман солҳо нӯшидаам,
Маст ки кардӣ маро, бо роҳи бад кӯшидаам.
Гаҳ фитода мурдасон ду дидаам пӯшидаам,
Ту маро мисли патак дар зери по кардӣ арақ.

пешина
аз 119
навбатӣ