Фурӯғи пирӣ

Орад ба каф ҳар пахтачин
Тиллои испед аз замин.
Баъзе зане мошинарон
Бинем дар айни замон.
Дидам зане бо ору нанг
Чун Рустами фӯлодчанг.
Оварда дар майдони ҷанг
Ҳоли фашистоне ба танг,
Дидем, гашта дар ҷаҳон
Бисёр занҳо қаҳрамон.
Як ҷону ҷонона зан аст,
Ободии хона зан аст.
Гар шоҳ бошад ё ки мир,
Зан ҳаст бар ӯ чун вазир.
Занҳо чу гулҳои баҳор
Тобанд андар ҳар канор,
Гул гарчи дорад рангу бӯ,
Аммо надорад гуфтугӯ.
Зебанда гул дар гулшан аст,
Гул боиси мардак зан аст.
Аз ҳама гул хушрӯ зан аст,
Хушрӯву ҳам хушбӯ зан аст.
Зан шона бар мӯяш кунад,
Сурма ба абрӯяш кунад.
Сафеда бар рӯяш кунад,
Бар ӯ назар шӯяш кунад.
Назар ба бозӯяш кунад,
Бӯсидаву бӯяш кунад.
Имрӯз дар иди занон,
Қурбоналӣ бо меҳри ҷон
Гӯяд муборак идатон,
Хоҳад раҳи испедатон!
ҲАМЧУ МӮҲРИ НУҚРАГИН
Дӯстон шаъну шарафҳои калон дорем мо,
Кишвари зеботарине дар ҷаҳон дорем мо.
Фахр месозем, ки ҳамчу Амиршои Сафар
Боз чандинҳо далеру қаҳрамон дорем мо.
Дар бари он қаҳрамонҳо номи Сайдаҳмад Карим,
Сурати номи Ватан андар забон дорем мо.
Ногаҳон гар душмане қасде кунад бар хоки мо,
Лашкари пурқуввате бар зидди он дорем мо.
Орзуву тинҷиву сулҳу амониро талаб
Аз дари шоҳи замину осмон дорем мо.
Сад ҳазорон шукр, тоҷику мусулмонзодаем,
Ҳар даме номи Худоро бар забон дорем мо.
Фахр месозем аз он, ки кӯҳнабунёдем мо,
Номи нек аз давраи сомониён дорем мо.
Нозҳо дорем, ки як сарвари олиҷаноб
Ҳамчунон як Рустами сардостон дорем мо.
Меҳри хоки Тоҷикистони азизи хешро
Ҳамчу мӯҳри нуқрагин бар қалбу ҷон дорем мо.
Дар канори ин ватан Қурбоналӣ донӣ, яқин,
Зинда ё мурда макони ҷовидон дорем мо.
НОЛАИ БУЛБУЛ БАДАР АСТ
Бари мурғони чаман чаҳ-чаҳи булбул дигар аст,
З-он ки ӯ дар ҳаваси хандаи гулҳои тар аст.
Ҳама шаб то ба саҳар хоб бувад осуда,
Булбули сӯхта бедор вале то саҳар аст.
Субҳгоҳон ба дами хандаи гулҳои баҳор
Ба фироқи рухи гул нолаи булбул бадар аст.
Ҳар ки ошиқ шуда бошад ба нигоре боре,
Аз ғами синаи ошиқ шудагон бохабар аст.
Дур гардида бувад ошиқу маъшуқа агар,
Ҳар дуро сурати якдигарӣ пеши назар аст.
Ба ҷаҳон марди накӯбахт кадом аст, бигӯ,
Он ки пеши назараш ёр фақат ҷилвагар аст.
Дили Қурбоналӣ он лаҳзае ором шавад,
Ки бари маъшуқааш хобидагӣ бар ба бар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё